Бунёди токзори нав бо тарзи хавозавӣ ва ба истифода додани хатти оби полезӣ дар мавзеи Сомғори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

29.03.2023

http://www.president.tj/node/30315

29 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи Сомғори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо раванди бунёди токзори нав шинос шуда, дар маросими ба истифода додани хатти оби полезӣ иштирок намуданд.

Хатти оби полезӣ бо насби муҳаррикҳои нав аз канали якуми Сомғор ба ин мавзеъ оварда шудааст.

Иқдоми обёрии заминҳои мавзеи Сомғор бо мақсади истифодаи пурсамару мақсадноки заминҳо аз ҳисоби маблағҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд амалӣ гардид. Ин раванд барои ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани қитъаҳои нав, пешгирӣ аз шӯршавии заминҳо, барқарор ва бунёди боғу токзорҳои замонавӣ мусоидати фаъол хоҳад кард.

Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки зиёда аз 22 ҳазор гектар заминҳои корами ноҳияи Бобоҷон Ғафуров тариқи пойгоҳҳои обкашии барқӣ бо оби полезӣ таъмин карда мешаванд.

Дар ноҳия дар маҷмуъ 33 пойгоҳи обкашӣ мавҷуд аст, ки калонтарини он шабакаи обрасони “Хоҷабоқирғон” ва “Сомғор” ба ҳисоб меравад.

Пойгоҳи обкашии “Сомғор-1”, ки аз соли 1960 инҷониб фаъолият дорад, дорои 8 агрегати обрасон мебошад. Тавассути ин пойгоҳ зиёда аз 6 ҳазор гектар заминҳои деҳоти ба номи Дадабой Холматов ва деҳоти ба номи Исмоил обёрӣ гардида, барои таъмиру омодасозии он ба мавсими киштукор ҳамасола маблағҳои зарурӣ ҷудо карда мешавад.

Дар давоми ду соли охир бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҷиҳати беҳтар намудани вазъи обрасонӣ барои пойгоҳи обкашии “Сомғор-1” 4 муҳаррики нави агрегат харидорӣ карда шудааст. Дар ҳоли ҳозир 5 агрегати ин пойгоҳ дар ҳолати корӣ қарор дошта, ҳар яки он дар як сония 1700 метри мукааб оби полезӣ интиқол медиҳад.

Сипас, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз токзори нави Хоҷагии деҳқонии ба номи Бойирҷон Боймирзоев, ки дар масоҳати 15 гектар дар асоси таҷрибаи ангурпарварони шаҳри Турсунзода бо тарзи хавозавӣ бунёд гардидааст, шисос шуданд.

Дар вилоят танҳо дар давоми соли равон бо усули хавозавӣ бунёд намудани 500 гектар токзори нав ба нақша гирифта шудааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки рафти бунёди токзори нав бо дарназардошти тамоми меъёрҳои аграрӣ ва ҷалби мутахассисони соҳибтаҷриба, хусусан бо иштироки ангурпарварони номдори шаҳри Турсунзода амалӣ карда шавад.

Дар токзори нави Хоҷагии деҳқонии ба номи Бойирҷон Боймирзоев то имрӯз 4 ҳазору 200 бех ниҳоли ангур, асосан навъҳои серҳосилу ба содирот нигаронидашуда, шинонида шудааст ва хоҷагидорон ният доранд, ки масоҳати боғи ангурро ба 100 гектар расонанд. Барои амалӣ намудани ин иқдом, қаблан мутахассисони соҳаи боғдории вилояти Суғд ба шаҳри Турсунзода рафта, таҷрибаи бойи ангурпарваронро аз худ карданд. Ҳамзамон роҳбарону саҳмдорони хоҷагиҳои деҳқонии “Ватан” ва “Боғи Сомон”-и шаҳри Турсунзода, ки дар парваришу истеҳсоли ангур таҷрибаи ғанӣ доранд, дар вилояти Суғд, хусусан ноҳияи Бобоҷон Ғафуров чандин маротиба роҳу усулҳои бунёди токзорҳои хавозавиро амалан ба кишоварзон нишон доданд. Ҳадаф аз роҳандозии ин тадбир амалан хубтару беҳтар омӯхтани нозукиҳои бунёди токзор буда, ба ин восита барқарор ва васеъ кардани боғоти ангур дар вилоят мебошад. Истифодаи босамари таҷрибаи мазкур имкон медиҳад, ки дар оянда истеҳсоли ангур зиёд гардида, содироти он ба хориҷи мамлакат бештар карда шавад.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028