Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
Истиқбол дар фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд — HHDT

Истиқбол дар фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд

29.03.2023

http://www.president.tj/node/30309

29 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар тантанаҳои ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, шиносоӣ бо ҷараёни корҳои кишоварзии баҳорӣ, бунёди боғу токзор, мулоқоту суҳбатҳо бо сокинон ва ифтитоҳи як қатор иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.

Намояндагони аҳли ҷомеаи вилояти Суғд – аҳли илму фарҳангу адаб, зиёиён ва ҷавонон Пешвои маҳбуби худро бо самимияти афзуну рӯҳияи болида ва дар фазои шукӯҳманди наврӯзӣ пазироӣ намуданд.

Гуруҳи ҷавонон, аҳли фарҳанг ва духтарони атласу адраспӯш бо иҷрои суннатҳои наврӯзи аҷдодӣ шукргузории хешро аз сулҳу ваҳдати миллӣ, фазои ободу шукуфоӣ тараннум, ифтихору сарбаландии хешро аз ташаббусҳо ва эътирофи Пешвои миллати тоҷик дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ифода намуданд.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028