Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Михаил Мишустин мулоқот намуданд — HHDT

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Михаил Мишустин мулоқот намуданд

ДУШАНБЕ, 02.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. 2 март дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия муҳтарам Михаил Мишустин, ки ба шаҳри Душанбе ташриф оварданд, мулоқот карданд.

Дар оғози мулоқот Сарвари давлати мо муҳимияти идомаи муколамаи пайвастаи сатҳи олӣ ва баланди байнидавлатиро таъкид намуданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои шарикии стратегӣ ва муносибатҳои ҳампаймонии Тоҷикистону Русияро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Аз ҷараёни мусбати равобити ду кишвар дар бисёр соҳаҳои ҳамкорӣ, бахусус дар бахшҳои тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитарӣ ва ҳамкории зичи ҷонибҳо дар бахши амният изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Бояд гуфт, ки Федератсияи Русия шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон боқӣ монда, дар сохтори гардиши савдои хориҷии кишвари мо мавқеи пешсафро ишғол мекунад. Дар соли гузашта гардиши мол миёни ду кишвар 23,7 дарсад афзоиш ёфта, 1 миллиард 674 миллион долларро ташкил дод.

Дар ин замина, дар бораи имконоти бузурги ҳарду кишвар ҷиҳати афзоиши тиҷорати мутақобила ва якҷоя амалӣ намудани лоиҳаҳои бузурги сармоягузории барои ҷонибҳо судманд, андешаронӣ сурат гирифт.

Пешвои миллат ба сатҳи ҳамкориҳои дар соҳаи гуманитарӣ бадастомада баҳои баланд доданд. Ҳамзамон бо ин ба густариши минбаъдаи робитаҳои амалӣ дар соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг ва тандурустӣ изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.

Дар рафти суҳбат ҳамчунин доир ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор сурат гирифт.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028