Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
Эмомалӣ Раҳмон-бунёдгузори Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон — HHDT

Эмомалӣ Раҳмон-бунёдгузори Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таҳти ин унвон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар доираи курси бозомӯзӣ барои раисони кумитаҳои иҷроияи ҳизбӣ, Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ доир гардид. Дар оғоз, Раҳмонзода Абдулло, Раиси кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуд, ки бо ҷасорату иродаи қатъии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон аз вартаи ҷанги дохилӣ раҳо гардида, бо амалӣ намудани қонунҳои танзимкунанда мардуми кишварро ба Ваҳдати миллӣ расонид.

Зимни ироаи сухани ифтитоҳӣ муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Латифзода Асрор, ҳозиринро бо санаи фаррухрақами 30-соли таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар муборакбод намуд. Ёдовар шуд, ки Ҳукумати кишвар ҳанӯз аз оғоз бо вуҷуди мушкилоти зиёди иқтисодиву молиявӣ дар таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ, таҷдиду азнавсозии инфрасохтор ва таъсиси ҷузъу томҳои махсусгардонидашудаи ин ниҳод эътибори хос дода, дар баробари таъминоти онҳо бо техникаву таҷҳизоти муосир, ба омодасозии кадрҳои баландихтисоси низомӣ шурӯъ намуд.

Ҳамзамон, Рустам Шоҳмурод, Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, Шоҳиён Абдусаттор, муовини Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Давлатов Зубайдулло, сардори Раёсати таъминоти иттилоотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар конференсияи мазкур иштирок намуданд.

Дар суханронии худ маърузачиён зикр намуданд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таъмини амнияту суботи кишвар, баланд бардоштани иқтидори мудофиавии кишвар таъмини Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар ҷузъу томи низомӣ ва сохторҳои қудратӣ бо техникаю лавозимоти зарурӣ омодагии дифоии онҳо тамоми чораҳои заруриро андешида истодааст. Бо шарофати сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, Созмони ҳамкориҳои «Шанхай» барномаи «Ҳамкорӣ баҳри Сулҳ» дар тӯли солҳои охир мустаҳкаму пурсамар гардид, ки аз нерӯи пурқудрати дорои ҷузъу томҳои замонавии кишвар дарак медиҳад.

Дар ин радиф раисони кумитаҳои иҷроияи ҳизбии шаҳру вилоятҳои ҷумҳурӣ дар суханронии худ қайд доштанд, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо азму иродаи фарзандони содиқи Ватан, махсусан афсарону сарбозони шуҷоъ дар роҳи ҳифзи марзу буми кишвари азизамон итминони комил доранд ва дар ҳамешагӣ ба ин ниҳоди давлатӣ таваҷҷӯҳи хос зоҳир менамоянд. Бо боварӣ метавон иброз дошт, ки имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тамоми шароитҳои муосири низомӣ таъмин гардида, афсарону сарбозони кишвар сарбаландона дар муқобили ҳамагуна хатару таҳдидҳои душманони миллат содиқона истодагарӣ карда метавонанд.

Ҳамзамон, иштирокчиёни конференсия аз ҳузури меҳмонони даъватшуда истифода намуда, ба саволҳои додаи худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Сипас аз ҷониби Кумита як қатор раисони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ки нақшаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандонро дар соли 2022 дар муҳлати кӯтоҳтарин иҷро намудаанд, бо сипосномаҳо қадрдонӣ гардиданд.

 

 

 

 









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028