Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳ бо сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ аз баҳри Хазар боздид намуданд — HHDT

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳ бо сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ аз баҳри Хазар боздид намуданд

Нимаи дуюми 5 август дар шаҳри Туркманбошӣ дар доираи сафари давлатӣ дар Туркманистон ва дар ҳошияи Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ — Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар мавзеъҳои наздисоҳилӣ ва дар баҳри Хазар сайругашт карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ бо роҳбаладии Сарвари кишвари мизбон — Президенти Туркманистон аз имкониятҳои сайёҳии мавзеи Авазаи шаҳри Туркманбошӣ, аз ҷумла иншооти варзишӣ, минтақаҳои туристӣ ва тавассути киштӣ аз баҳри Хазар боздид ба амал оварданд.

Бояд гуфт, ки сафари давлатии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Туркманистон, Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва дар ҳошияи вохӯрӣ баргузор гардидани Форуми иқтисодии кишварҳои Осиё Марказӣ барои рушду густариши муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистон ва Туркманистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ заминаи мусоид фароҳам овард.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028