Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
Номаи изҳори тасаллӣ аз Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Чжан Мин ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон — HHDT

Номаи изҳори тасаллӣ аз Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Чжан Мин ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ДУШАНБЕ, 17.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар робита ба оқибатҳои фоҷеабори фаромадани тарма дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай муҳтарам Чжан Мин номаи изҳори тасаллӣ ворид гардид, ки дар он омадааст:

«Муҳтарам ҷаноби Президент,

Хабари фаромадани тарма дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки боиси талафоти одамон ва харобиҳои зиёд гардид, бо эҳсоси андуҳи амиқ дарёфтам.

Умед дорам, ки оқибатҳои ин офати табиӣ дар минтақаҳои зарардида ҳарчи зудтар бартараф карда хоҳанд шуд.

Муҳтарам ҷаноби Президент, таслияти амиқи маро ба наздикони ҷонбохтагон ва таманниёти шифои оҷили ин ҷонибро ба осебдидагон қабул фармоед».









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028