
Дар толори ҶСК “Меҳмонсаройи Тоҷикистон” маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Муовини якуми Раиси ҲХДТ муҳтарам Азизӣ Абдуҷаббор баргузор гардид.
Дар кори маҷлис Муовини якуми Раиси ҲХДТ Азизӣ Абдуҷаббор, муовинони Раиси ҲХДТ, муовини Раиси Фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои КИМ ҲХДТ, роҳбари дастгоҳ, мудирони шуъбаҳо, сармуҳаррири нашрияи “Минбари Халқ”, кормандони Дастгоҳи КИМ ҲХДТ, раисони кумитаҳои иҷроияи ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, намояндагони Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”, фаъолони ҳизбӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ҳизбӣ иштирок доштанд.
Маҷлиси мазкурро муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Азизӣ Абдуҷаббор оғоз намуда, ҳозиринро бо рӯзномаи кории маҷлис шинос намуданд.
Нахуст, мутобиқи масъалагузорӣ, ҳисоботи Раиси КИ ҲХДТ дар ВМКБ Раҷабова Зунайда ироа гардида, мавсуф ёдовар шуд, ки кумитаи иҷроияи вилоятӣ дар давоми давраи ҳисоботӣ ба як қатор дастовардҳо ноил гардида, ҳамзамон, аз дастгирӣ ва роҳнамоии пайвастаи роҳбарияти Дастгоҳи КИМ ҲХДТ баҳри тақвият ва пешбурди фаъолияти корӣ ёдрас шуд. Дар ин радиф, муовини якуми Раиси ҲХДТ Азизӣ Абдуҷаббор барои ҷоннок кардани корҳои таблиғотӣ ва ташвиқотии ҳизби вилоятӣ, дастрасии саривақтии нашрияи “Минбари Халқ” ба ноҳияҳои дурдаст, пешбурди корҳои ташкилӣ ва қабули сифатноки аъзои ҳизб дастурҳои мушаххас доданд.
Дар баробари ин, Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд, Исмоилзода Зуфар, зимни пешниҳоди ҳисобот оид ба фаъолияти корҳои ҳизбӣ ва ташаббусҳои созанда, баргузории аксияи ҷумҳуриявии “Албом-эстафета таҳти унвони «30 соли созандагӣ бо Пешвои муаззами миллат» бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон, ташкили чорабиниҳои муҳимми сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавии кишвар дар партави он ёдовар шуд. Инчунин, мавсуф аз фаъолият гурӯҳи тарғиботии ҳизбӣ бо аҳолӣ вобаста ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, роҳ надодан ба таълимоти ғайрирасмии динӣ ва тақвият бахшидани ҳисси худшиносию худогоҳӣ ва ватандӯстӣ дар ҷомеа маълумот пешниҳод намуд.
Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар баробари ҳамаи дастовардҳо тавсия доданд, ки корҳои идеологиро дар самти тарбияи ватандустии ҷавонон дар шаҳру ноҳияҳои сарҳадӣ пурзур намуда, фаъолияти молиявӣ пайваста мавриди назорат қарор дода шавад.
Ҳисоботи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон аз ҷониби раиси кумиҷроияи вилоятӣ Саидзода Ҷамшед ироа гардид. Номбурда зикр намуд, ки ташаббусҳои вилоятии ҳизбии “Мактаби ман” ва “Якҷоя месозем” баҳри татбиқи чорабиниҳои идеологӣ, ташкили корҳои ободонию созандагӣ таъсири назаррас доранд. Баҳри беҳбуди фаъолияти идеологӣ ва таблиғи ғояи бунёдкоронаи ҳизб дар ҳудуди вилоят, Муовини якуми Раиси ҳизб дастур доданд, ки корҳо боз ҳам беҳтар ба роҳ монда шуда, масъалаи зиёд намудани сафи сифатноки аъзои ҳизб аз ҳисоби ҷавонон мавриди баррасии ҳамешагӣ қарор дода шавад.
Сипас, Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Мирзозода Иброҳим аз фаъолияти ҳизбии шаҳр ҳисоботи муфассал пешниҳод намуд. Ёдовар шуд, ки ҳизби шаҳр дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомоти саривақтии шаҳрдори Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ нақшаҳои мукаммали ҳизбро пайваста амалӣ менамояд. Ҳамзамон ёдовар шуд, ки бо сабаби зиёд намудани ҳудуди маъмурии шаҳри Душанбе, корҳои омӯзишӣ-санҷишии ҳизбӣ дар ташкилотҳои навтаъсис пайваста мавриди корбарӣ қарор дода мешаванд.
Дар бобати ҳисоботи болозикр Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ таъкид намуданд, гарчанде фаъолияти ҳизбии шаҳр дар муқоиса бо дигар минтақаҳо ру ба беҳбудӣ дорад, ҳамзамон, камбудиҳои ҷузъӣ дар масъалаи кор бо ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ба назар мерасанд. Аз ҷумла зикр доштанд, ки фаъолияти ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ҳамбастагӣ бо кумитаҳои иҷроияи шаҳрии ҳизб ҷоннок гардида, баҳри таблиғи сиёсати ҷавонпарваронаи Роҳбари ҳизби ояндасоз шароит фароҳам оварда шавад.
Зимни ироаи ҳисобот Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Рашт Идизода Заррина иброз дошт, ки ҳизби ноҳиявӣ барои тақвияти корҳои дохилиҳизбӣ, амалисозии Қонунҳои кишвар пайваста корбарӣ менамояд. Дар ин асос, Муовини якуми Раиси ҳизб, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳур аз ҷумла Сангвор ва Тоҷикободро муваззаф намуданд, ки баҳри корбарӣ бо ҳизбиёни ноҳия ва қишри осебпазир корро боз ҳам аз ин бештар тақвият бахшанд. Ҳамзамон, Раисони КИ ҲХДТ дар ноҳияҳои Рӯдакӣ, Варзоб, Файзобод ва шаҳри Ҳисор аз рафти сохтмон дар биноҳои ҳизбии кумитаҳои иҷроия ҳисобот пешниҳод намуда, дар муҳлати кутоҳтарин ба истифода додани онҳоро ёдрас шуданд.
Сипас, нақшаи кории Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои нимсолаи якуми соли 2023 иборат аз 77 банд пешниҳод ва бо розигии ҳозирин тасдиқ гардид.
Дар ин радиф оид ба масъалаҳои дигари рӯзнома, баргузории курси бозомўзӣ барои раисони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, сметаи даромад ва хароҷоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои соли 2023, баланд бардоштани музди маоши кормандони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, таъсис додани Маркази таълимӣ-истироҳатии Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, тасдиқи дастури методӣ оид ба тартиби таъин ва озод намудани кадрҳои ҳизбӣ дар Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, расонидани кўмак ба шаҳрвандони зарардидаи офати табии Ҷумҳурии Туркия қарорҳои дахлдор қабул гардиданд. Дар маҷмуъ тамоми масъалаҳои рӯзномаи маҷлис бо тартиби муқарраргардида мавриди баррасӣ қарор гифтанд.
Дар интиҳо тазаккур дода шуд, ки ҳизби мо зери роҳбарии Раиси муаззами худ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама самту соҳаҳои муҳимтарини мамлакат намоён ва бузургу барҷаста аст. Чун ҳамеша мо шоҳиди падидаҳои беназири иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангӣ мешавем, ки дар ҳамаи ин дастовардҳо Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон нақши муассир ва меҳварӣ дорад.
Итминон карда шуд, ки ташкилотҳои ҳизбӣ фаъолияти худро беш аз ин тавсеа бахшида, рисолати худро дар фаъолияти минбаъда дар татбиқи ғояҳои созандаи ҳизб, ки як қисми таркибии идеяҳои низоми давлатдории миллӣ ба ҳисоб рафта, аз ҷониби Раиси муаззами ҳизб, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мушаххас гардидаанд, самимонаву содиқона анҷом хоҳанд дод.