Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
ИДОМАИ ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСҲОИ ҶАМЪБАСТӢ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОӢ — HHDT

ИДОМАИ ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСҲОИ ҶАМЪБАСТӢ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОӢ

Бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе-Ашурова Дилрабо, Наботов Шукрулло-муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур ва Муминзод Камолиддин-Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии “Сайёҳ” маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор гардид.

Тибқи рӯзномаи Маҷлис баррасии 3 масъала ба миён гузошта шуд.

Аз рӯи масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис нахуст раиси ташкилоти ибтидоии “Сайёҳ” ҳисобот дода, оид ба фаъолияти сиёсии ҳизбӣ дар соли 2022 тазаккур дод, ки аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоӣ дар соли сипаригардида дар чорабиниҳои сиёсӣ ва маъракаи сиёсии обуна-2022 ба рӯзномаҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва “Мароми пойтахт” иштироки фаъол доштанд. Инчунин, дар тарғиби идеологияи миллӣ, дастгирии сиёсати созандаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши сазовор гузоштанд. Зимнан масъалаҳои ҳаракати аъзои ҳизб, риояи талаботи Оинномаи ҲХДТ мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҳисобот қаноатбахш арзёбӣ гардид.

Аз рӯи масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис нахуст, интихоби раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ доир гардид, ки бо пешниҳод ва ҷонибдороии кулли аъзои ташкилот Муминзод Камолиддин — раиси ташкилоти ибтидоии “Сайёҳ” интихоб гардид.

Сипас Ашурова Дилрабо-муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе бо такя ба масъалаҳои меҳварии Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ қайд намуданд, ки солҳои охир таваҷҷуҳи махсуси Ҳукумати кишвар ба соҳаи сайёҳӣ имкон дод, ки дар баробари афзун гардидани шумораи сайёҳон ширкатҳои сайёҳии ватанӣ низ зиёд гарданд.

Дар панҷ соли охир ба кишвари мо беш аз 3,9 миллион нафар, аз ҷумла соли 2022-юм 1 миллион нафар сайёҳон ворид гардидаанд.

Дар ин давра барои пешниҳоди хизматрасонӣ ба онҳо беш аз 600 ва танҳо соли 2022-юм 100 иншооти инфрасохтори сайёҳӣ сохта, мавриди истифода қарор дода шудааст.

Хотирнишон менамоям, ки Тоҷикистон аз 1-уми январи соли 2022 ҷиҳати ҷалби бештари сайёҳон ва сармоягузорони хориҷӣ барои шаҳрвандони 52 кишвари хориҷӣ иқдоми яктарафаи воридшавии бидуни раводид ҷорӣ намуд ва зарур аст, ки ин раванд ба таври самаранок амалӣ карда шавад.

Инчунин, бо ин мақсад барои шаҳрвандони 126 давлати хориҷӣ пешниҳоди раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби соддакардашуда ҷорӣ гардидаст.

Барои таъмин намудани рушди минбаъдаи соҳаи сайёҳӣ зарур аст, ки Кумитаи рушди сайёҳӣ корро ҷиҳати зиёд кардани номгӯйи хизматрасониҳои сайёҳӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳо дар соҳа, роҳандозии васеи сайёҳии табобатӣ, экологӣ ва кӯҳнавардӣ густариш бахшад.

Дар ин раванд, бояд ба масъалаҳои самаранок ва бо сифати баланд татбиқ намудани лоиҳаҳои сармоягузории соҳа, идома додани бунёди инфрасохтори сайёҳии ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯй, баланд бардоштани мавқеи байналмилалии кишвар, ташаккули бренди миллии фарогири имкониятҳои сайёҳӣ ва муаррифии он дар арсаи ҷаҳонӣ, инчунин, таъмини иқтидори кадрии соҳа диққати ҷиддӣ дода шавад.

Бо шуғли пурмаҳсул таъмин намудани аҳолӣ яке аз ҳадафҳои стратегии давлат ба ҳисоб рафта, барои татбиқи он қабули барномаҳои соҳавию минтақавӣ зарур аст.

Дар ниҳоят муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур — Наботов Шукрулло зимни суханронии худ афзуд, ки дар тарғиби идеологияи миллӣ ҲХДТ нақши бориз дорад. Дар ин радиф аз ҳар як шаҳрванди ватандӯсти кишвар, бахусус, ҳар як узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тақозо мегардад, ки амалӣ намудани ҳадафу ормонҳои ба фардои неки давлат ва халқи тоҷик нигаронидашударо самимонаву содиқона ҷонибдорӣ ва амалӣ намояд.

Дар интиҳо як гуруҳ ҷавононе, ки иродаи сиёсии худро муайян карда, ба сафи ҲХДТ қабул шуданд, дар лаҳзаи тантанавӣ ба онҳо шаҳодатномаҳои ҲХДТ дода шуд.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028