
Дар асоси нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур санаи 27-уми январи соли равон дар толори маҷлисгоҳи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ бо садо додани суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси ҷамъабастии солани Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Муҳандис” ифтитоҳ гардид.
Дар кори Маҷлис Мирзозода Иброҳим Холмурод-Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Каримзода Нилуфар-Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, Давлатзода Қудрат -Раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Муҳандис” ва аъзои Кумитаи иҷроияи ибтидоии мазкур иштирок намуданд.
Аз рӯи масъалаи якуми рӯзномаи Маҷлис гузориши Давлатзода Қудрат- Раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Муҳандис” доир ба фаъолият дар соли 2022 ва вазифаҳо барои соли 2023 шунида шуд.
Зимни музокира ҳисоботи Раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Муҳандис” аз ҷониби музокирачиён баҳои баланд дода шуд.
Ичунин, дар кори Маҷлис доир ба масъалаҳои дохилиҳизбӣ, аз ҷумла тасдиқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Муҳандис” барои нимсолаи якуми соли 2023, нақшаи амалӣ намудан ва шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Зимни суханронии хеш баромадкунандагон бо такя ба масъалаҳои меҳварии Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ қайд намуданд, ки дар панҷ соли охир танҳо барои рушди соҳаҳои маориф ва тандурустӣ 36 миллиард сомонӣ равона гардида, ҳиссаи маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ дар ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ 44 фоизро ташкил кард.
Дар давраи зикршуда аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 842 бинои муассисаи таълимӣ барои 382 ҳазор хонанда, аз ҷумла дар соли 2022-юм 190 бинои таълимӣ барои 87 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шудааст.
Ҳамзамон бо ин, ба маълумоти вакилони муҳтарам ва ҳамватанони азиз расонида мешавад, ки дар 31 соли истиқлоли давлатӣ 3430 муассисаи нави таълимӣ барои қариб якуним миллион хонанда сохта, ба истифода дода шуд.
Ҳол он ки дар 70 соли замони гузашта ҳамагӣ 3229 муассисаи таълимӣ бунёд гардида буд.
Бо вуҷуди ин, корҳои то имрӯз дар ин самт амалигардида ҳоло ҳам басанда нестанд.
Имрӯз дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар 2 миллиону 300 ҳазор нафар хонандагон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Соли 1991 ин нишондиҳанда ҳамагӣ 1 миллиону 325 ҳазор нафарро ташкил медод.
Инчунин, агар то соли 1991, яъне дар 70 соли замони гузашта дар мамлакат ҳамагӣ 2862 муассисаву иншооти тандурустӣ бо 52 ҳазору 800 нафар корманд фаъолият дошта бошад, пас дар даврони соҳибистиқлолӣ, хусусан, дар 25 соли охир 2827 муассисаву иншооти тандурустӣ сохта, ба истифода дода шудааст.
Мирзозода Иброҳим Холмурод-Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе аснои нутқ карданаш роҷеъ ба ҳимояи манфиатҳои миллӣ, баланд бардоштани эҳсоси худогоҳии миллӣ ва хештаншиносии омма, махсусан насли ҷавони кишвар ва ба ин васила пешгирии омилҳои номатлуби иҷтимоӣ, бегонапарастӣ, ҳидояти ҷавонон дар масири худшиносии миллӣ, ватанпарастӣ, ҷалби бештари ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ва зимнан, вусъат додани корҳои созандагию бунёдкорӣ, баланд бардоштани иродаи сиёсии халқ ҳарф заданд.
Дар интиҳо як қатор фаъолон бо Ифтихорнома ва сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ шаҳри Душанбе ва ноҳияи Шоҳмансур сарфароз гардонида шуданд.