
Дар доираи амалӣ намудани дастуру супоришҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва нақшаи фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Омор”-и Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси умумӣ бо иштироки Мирзозода Иброҳим Холмурод – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Нурмаҳмадзода Ҷамшед – директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қурбонзода Убайдулло – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва аъзои ҳизб доир гардид.
Тибқи рӯзномаи маҷлис масъалаҳои зерин барраси карда шуд; Ҳисоботи ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Омор” оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар соли 2022 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда , Интихоби раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Омор” , тасдиқи нақшаи кории ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ барои соли 2023 ва масъалаҳои ҷорӣ.
Аз рӯи масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис Шокирзода Шодмон Шариф муовини раиси ташкилоти ибтидоӣ аз фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Омор» дар соли 2022 гузориш манзур намуд. Зимни гузориш гуфта шуд, ки ташкилоти ибтидоии “Омор” як қатор ҷаласаҳоро байни аъзоёни ташкилот, аз ҷумла идҳои давлативу миллӣ аз қабили Рӯзи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикиситон, Рузи байналмилалии Модарон, Наврузи байналмилалӣ, Рузи забони давлатии ҶТ, Рузи “Ваҳдати миллӣ”, Рузи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рузи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рузи Парчам ва Нишони давлатӣ бо усулҳои муосири таблиғотӣ аз қабили дарсҳои сиёсӣ, миззи мудаввар, Конференсияи назариявӣ ва вохӯриҳои идона дар сатҳи баланди идона баргузор гардиданд.
Тибқи масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис бо ҷонибдории аъзоёни ташкилоти ибтидои Нурмаҳмадзода Ҷамшед ба ҳайси раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Омор”-и Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.
Инчунин тибқи масъалаи дигари рӯзномаи маҷлис нақшаи фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ барои соли 2023 тасдиқ карда шуд.
Сипас Мирзозода Иброҳим Холмурод дар зимни суханронии худ, қайд намуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар фаъолияти худ бо мақсади таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ба фазилатҳои баланди сиёсӣ, сифати наҷиби ахлоқӣ ва маърифати пурсамари маънавии аъзояш такя намуда, кӯшишу ғайрат ва донишу идроки онҳоро барои мустаҳкам намудани истиқлолияти сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар менамояд.
Дар фарҷом нафароне, ки мавқеи сиёсии худро дар ҷомеа муайян намуда, аъзои ҲХДТ гардиданд, ба онҳо дар фазои тантанавӣ шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд.
Ҳамзамон ба якчанд фаъолони ҳизб ҷиҳати фаъолияти пурсамар дар татбиқи ҳадафҳои созандаи ҲХДТ бо Сипосномаи ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Омор” – и Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.