МАҶЛИСИ РАЁСАТИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ БАРГУЗОР ГАРДИД

Нимаи дуюми имрӯз Маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе доир гардид, ки дар он Одилзода Дилбар Раҳим, муовини Раиси шаҳри Душанбе, Мирзозода Иброҳим Холмурод, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва аъзои Раёсати Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб иштирок карданд.

Дар он масъалаҳои рӯзнома ва лоиҳаи қарорҳои муҳокимашаванда дар Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, даъват намудани Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, тасдиқи дастурамали вазифавии кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар таҳрири нав, тасдиқи комиссияҳои доимоамаликунанда дар назди Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Дар фарҷом бо назардошти таклифу пешниҳодҳо аз рӯйи масъалаҳои муҳокимашаванда қарорҳои дахлдор қабул гардид.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028