Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
ЧОРАБИНИИ СОЛИНАВӢ ДАР ҚИСМИ ҲАРБИИ ГВАРДИЯИ МИЛЛИ — HHDT

ЧОРАБИНИИ СОЛИНАВӢ ДАР ҚИСМИ ҲАРБИИ ГВАРДИЯИ МИЛЛИ

29-уми декабри соли равон дар қисми ҳарбии 051054-и Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ аз ҷониби Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб ба афсарону сарбозони ин қисми ҳарбӣ дастархони идона ороста шуда, туҳфаҳои солинавӣ тақдим карда шуд.

Нахуст, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода дар саҳни қисми ҳарбии мазкур бо афсарону сарбозон вохӯрӣ намуд.

Зимни суханронӣ раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб И. Мирзозода онҳоро ба Соли нави мелодии 2023 табрику шодбош гуфта, нуктаҳои муҳими Паёми имсолаи Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии мамлакатро шарҳу тавзеҳ дод.

Гуфта шуд, ки Сарвари давлат дар Паёми навбатии худ ба таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ таваҷҷуҳ намуда, аз ҷумла иброз доштанд, ки: “соли 2022 барои Тоҷикистони мо, дар маҷмӯъ, соли бобарор буд. Ба шарофати заҳмати содиқонаи мардуми кишвар раванди созандагиву ободкорӣ бомаром идома ёфта, нақшаву барномаҳои пешбинигардида ҷиҳати таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат ҳадафмандона амалӣ карда шуданд”.

Таъкид гардид, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҷавононро мактаби ҷавонмардӣ унвон карданд, ки ин баҳои баланду сазовор аст. Аз ин рӯ, ҷавонони синни даъватиро мебояд, ки баҳри хизмат ба Ватан камари ҳиммат банданд ва аз ҷирои ин рисолат ва мактаби бузург бо сарбаландӣ бароянд.

Дар идома изҳори умед карда шуд, ки дар оянда аз афсарону сарбозони ин қисми ҳарбӣ хизматчиёни хуб бо воя мерасад ва онҳо метавонанд корҳои назаррасу шоёнеро барои халқу ватан анҷом диҳанд.

Пас аз суханронӣ аз ҷониби сарбозон ба меҳмонон бо силоҳ машқҳои ҳарбии идона намоиш дода шуд.

Дар охир барномаи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони маҳбуби кишвар хотири афсарону сарбозонро шод намуд.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028