Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
Тақдими туҳфаҳои солинавӣ аз номи Раиси ҲХДТ ба афсарону сарбозон ва курсантони Донишкадаи олии сарҳадии КДАМ — HHDT

Тақдими туҳфаҳои солинавӣ аз номи Раиси ҲХДТ ба афсарону сарбозон ва курсантони Донишкадаи олии сарҳадии КДАМ

27-уми декабри соли равон вохӯрии муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ бо афсарону сарбозон ва курсантони Донишкадаи олии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҷиҳати шарҳу тавзеҳи нуктаҳои муҳими Паёми имсолаи Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Нахуст, муовини якуми Раиси ҲХДТ Абдуҷаббор Азизӣ аз ҷойи хоб ва шароити будубоши сарбозон дидан намуда, бо онҳо суҳбати судманд анҷом дод.

Сипас, муовини Раиси ҳизб нуктаҳои Паёми имсолаи Президенти кишварро ба ҳозирин шарҳу тавзеҳ дода, онҳоро аз номи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Соли нави мелодии 2023 табрику шодбош гуфт.

Гуфта шуд, ки агар аз як тараф, ироаи Паёми Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми кишвар яке аз василаҳои муҳими давлати худмухтор ва намоди асосии давлатдории миллии мо бошад, аз ҷониби дигар, ҳуҷҷати расмӣ ва муҳими барномавиест, ки ҳамчун қутбнамо рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангию сиёсии кишвари моро муайяну мушаххас мекунад.

Иброз гардид, ки Пешвои миллат дар Паёми худ хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҷавононро мактаби ҷавонмардӣ ва дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ, худшиносиву худогоҳӣ тарбия намудани хизматчиёни ҳарбӣ ва барои онҳо муҳайё намудани шароити хуби хизмат, инчунин, риояи талаботи ойинномаҳои ҳарбиро муҳимтарин самти сиёсати мудофиавии кишвар маънидод карданд.

Ба таъкиди А. Азизӣ сокинони кишвар, бахусус аъзо ва ҷонибдорони ҳизбро мебояд, ки дар амалишавии ҳадафу нақшаҳои дар Паём ироашуда, камари ҳиммат банданд ва саҳми худро беш аз пеш дар ободонӣ ва рушду шукуфоии кишвари азизу маҳбубамон – Тоҷикистони ҳамешабаҳор гузоранд.

Дар идома аз номи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба афсарону сарбозон ва курсантон дастархони идона ороста шуда, туҳфаҳои солинавӣ тақдим карда шуд, ки боиси болидарӯҳии онҳо дар арафаи Соли нави мелодии 2023 гардид.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028