Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Покистон — HHDT

Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Покистон

Баъд аз фарҷоми музокироти сатҳи олӣ маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон баргузор гардид.

Ба Изҳороти муштарак Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф имзо гузоштанд.

Сипас дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф санадҳои зерини ҳамкорӣ ба имзо расиданд:

— Созишномаи тиҷорати транзитӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон;

— Ёддошти тафоҳум дар бораи барқарор намудани муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳри Исломободи Ҷумҳурии Исломии Покистон;

— Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи саноат ва технологияҳои нав;

— Ёддошти тафоҳум байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки Ҷумҳурии Исломии Покистон (Идораи федеролии пардохтҳои Покистон) оид ба ташкили мубодилаи электронии маълумот;

— Созишнома байни Агентии стандартизатсия, метрология ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсат оид ба стандратҳо ва назорати сифати Ҷумҳурии Исломии Покистон (PSQCA), Вазорати илм ва технологияи Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия, метрология ва баҳодиҳии мутобиқат;

— Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба ҳамкорӣ дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунӣ ва суистеъмоли воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо;

— Ёддошти тафоҳум байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Шурои таҳқиқоти захираҳои оби Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таҳқиқоти бунёдӣ;

— Ёддошти тафоҳум байни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Пешовари Ҷумҳурии Исломии Покистон ба имзо расиданд.

Баъди маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф барои намояндагони васоити ахбори омма нишасти матбуотӣ баргузор гардид.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028