Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
ИСТИҚЛОЛ — РАМЗИ СОҲИБДАВЛАТИИ ТОҶИКОН — HHDT

ИСТИҚЛОЛ — РАМЗИ СОҲИБДАВЛАТИИ ТОҶИКОН

Инак, 9-уми сентябр аз Истиқлоли давлатии кишвари маҳбубу биҳиштосоямон — Тоҷикистон 31 сол сипарӣ мешавад. Яъне, 9-уми сентябри соли 1991 дар ҷаласаи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор ва изҳорот «Дар бораи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шуд, ки саҳифаи ҷадидеро дар сарнавишти мардуми тоҷик рақам зад.

31 сол муқаддам давлати ҷавони мо истиқлоли давлатии худро ба даст овард ва аз як кӯчаи сарбаста ба шоҳроҳи пурифтихори созандагию бунёдкорӣ қадам ниҳод, ки имрӯз мо самараи ин неъмати бебаҳо ва муқаддасро дар тамоми соҳаҳои кишвар, аз ҷумла сиёсату иқтисод, иҷтимоиёту фарҳанг ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқ дида истодаем.

Аз ин лиҳоз, Истиқлол барои мардуми шарифи Тоҷикистон ҳамчунон, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатӣ 8-уми сентябри соли 2021 дар Кохи Борбад иброз доштаанд: “…бузургтарин ва муқаддастарин неъмат, нишонаи олии ҳувияти миллӣ, ифтихор ва номуси ватандорӣ, рамзи ҳастии миллати бостонӣ ва соҳибихтиёру соҳибдавлати тоҷик ва асоси хушбахтиву сарбаландии сокинони Тоҷикистон мебошад.”

Воқеан ҳам, нақши Истиқлол дар пешрафти тамоми соҳаҳои кишвар назаррас буда, он заминагузори асосии эҳёи дубораи анъанаҳои аҷдодӣ, худшиносии миллӣ, таҳкими суботи сартосарӣ, ваҳдати миллӣ, пешрафту ободӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ — истиқлоли энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, саноатикунонии босуръат, нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва муҳимтар аз ҳама, нигоҳ доштани давлати миллӣ ва шакл гирифтани давлатдории навини тоҷикон таҳти роҳбарии сардафтари он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки маҳз истиқлоли давлатӣ имкон фароҳам овард, ки Тоҷикистон дар фаъолияти созмонҳои бонуфузтарини байналмилалӣ узвияти комилҳуқуқ пайдо кунад ва бо ташаббусҳои ҷаҳонии худ нуфузи худро тақвият диҳад. Маҳз истиқлол сабаб шуд, ки халқи тоҷик баъд аз ҳазор соли бедавлатӣ соҳиби давлати миллии худ гардад ва худро дигарбора ҳамчун халқияти дорои тамаддуни пурифтихори қадима ба ҷаҳониён муаррифӣ созад ва тамоми анъанаҳои миллии худро дубора эҳё кунад.

Фаромӯш набояд кард, ки ҳанӯз ҳам мо-мардуми шарифи кишвар таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масири пурифтихори ватансозӣ, яъне бунёди як давлати мутамаддин ва аз лиҳози иқтисодӣ пешрафта қарор дорем ва марҳила ба марҳила тамоми зерсохтору иншооти муҳимро навсозӣ ва ҳазорон корхонаҳои хурду бузурги истеҳсолиро бунёд карда истодаем.

Аз ҷумла, агар ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатӣ 25 ҳазор иншооти таъйиноти гуногун дар тамоми қаламрави кишвар ба истифода дода шуда бошад, ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ боз ҳазорон иншооти гуногун бунёд мегарданд, ки симои тамоми шаҳру навоҳӣ ва махсусан кишвари азизамон – Тоҷикистонро куллан дигаргун карда, барои расидан ба зиндагии шоистаи мардум замина мегузоранд.

Дар ин раванди пурифтихор, ки қадамҳои аввали он пур аз ихтилофу бархурдҳои дохилӣ ва даргириҳои хунин аст, ҳизбе ба майдони сиёсии кишвар қадам ниҳод, ки худро ҳомии истиқлолу озодӣ, ваҳдати сартосарӣ ва муҳимтар аз ҳама, ҳомии ормонҳои миллӣ маънидод кард.

Аксари коршиносони масоили сиёсӣ низ бар ин назаранд, ки ҲХДТ замоне ба фаъолият шурӯъ намуд, ки мардуми кишвар ба як ҳизби сиёсие монанди он ниёз дошт. Аз ин рӯ, онро чун обу ҳавое, ки бе он зистан номумкин аст, пазируфт ва ҳамин тавр пайванди ҲХДТ бо мардум оғоз шуд ва то имрӯз он баҳри хостаҳои мардум талош карда истодааст.

Раиси муаззами ҳизб, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин нуктаро таъйид намуда, иброз доштаанд, ки: «Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун зодаи даврони истиқлоли кишвар бо мақсади ифодаи азму иродаи мардуми шарифи Тоҷикистон таъсис ёфта, маҳз бо рисолати мардумсолорӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, созандагиву бунёдкорӣ ва тарғиби ғояҳои бузурги ватандўстиву худшиносӣ дар ҷомеа мавқеи сазовори худро пайдо намуд. Ҳанўз дар айёми бисёр ҳассос – замоне, ки дар кишвари мо ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ идома дошт ва мардум интизори паёми сулҳ буданд, зарурати таъсис додани ҳизби сиёсие пеш омад, ки бояд фарогири назару андешаҳои гурўҳҳои мухталифи ҷомеа бошад. Моро зарур буд, ки мардумро дар меҳвари як мафкураи созанда муттаҳид намуда, ба мухолифату даргириҳои фоҷиабори сиёсӣ хотима бахшем. Ҳамин тавр, мо ба фаъолияти Ҳизби Халқии Тоҷикистон, ки баъдан вобаста ба таҳаввулоти сиёсии ҷомеа ба унвони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон шинохта шуд, замина гузоштем».

Боиси ифтихори кулли аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ аст, ки имрӯз ҳизби мо ҳамчун ҳизби пешоҳанги ҷомеа мисли дигар ҳизбҳои сиёсӣ фаъолияти мавсимӣ не, балки фаъолияти доимӣ дорад ва ҳамарӯза дар корҳои бунёдкорию созандагӣ бо мардум шарик аст. Рӯзе нест, ки ҳизби мо бо аъзо ва ҷонибдорони худ дар ин ё он иқдоми созандагию бунёдкорӣ ҳамроҳ нашавад ва корҳои муҳимеро ба анҷом нарасонад.

Имрӯзҳо ҳизби мо ҳамкориҳои байналхалқии худро низ густариш бахшида, бо ҳизби умумироссиягии «Единая Россия», Ҳизби Коммунистии Чин, ҳизбҳои сиёсии «Нур Отан» ва «Ени Азербайджан» равобити дуҷониба дорад. Ҳоло аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба беш аз 500 ҳазор нафар расидааст, ки аз ин теъдод 50,5 фоизи аъзои ҳизбро занон ва 34 фоизашро ҷавонон ташкил медиҳанд.

Дар ин замина, айни ҳол сафи аъзои ҳизб дар шаҳри Душанбе 77612 нафар мебошад, ки аз ин теъдод 37037 нафар ё 47,72 %-ро занон ва 30284 нафар ё 39 % -ро ҷавонон дар бар мегиранд.

Боиси хушнудист, ки имрӯзҳо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар шаҳри Душанбе дар баробари дигар шаҳру навоҳии кишвар баҳри саҳмгузорӣ дар пешрафту ободӣ, хуррамгардонию кабудизоркунӣ, бунёду азнавсозии муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёнаи касбӣ, мактабӣ ва томактабӣ, зерсохтори варзишию сайёҳӣ, баҳри пешрафт ва ба яке аз шаҳрҳои пешрафтаи олам табдил додани қалби поку муқаддаси Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ва дар маҷмӯъ, баҳри сазовор таҷлил намудани Ҷашни 31-солагии Истиқлоли давлатӣ дар доираи дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҳизб, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ як қатор ҳамоишу чорабиниҳои идона ва иқдомҳои мухталифро рӯйи даст гирифта, то 9-уми сентябр онҳоро амалӣ менамоянд.

Саҳифаҳои пурифтихори таърихи давлатдории навини тоҷикон шаҳодат аз он медиҳанд, ки ҷавонон ҳамчун неруи созанда ва бунёдкору пешоҳанг дар даврони соҳибистиқлолӣ сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакатро таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз оғоз то имрӯз ҷонибдории комил намуда, дар пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа иштироки фаъолона доранд.

Дар навбати худ Ҳукумати мамлакат низ бо назардошти саҳм ва нақши ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа ва давлат барои дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии онҳо то ба имрӯз аз тамоми имкониятҳо истифода бурда, як қатор асноди заруриро ба тасвиб расонидааст.

Аз ҷумла таъсис додани Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, стипендияҳои Президенти Тоҷикистон барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, марҳила ба марҳила зиёд намудани маблағи стипендия ва шумораи он, квотаҳои президентӣ барои ҷавондухтарону ҷавонписарони ноҳияҳои дурдаст, таъсиси Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти мамлакат ва муҳимтар аз ҳама, ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъин гардидани шумораи зиёди ҷавонони лаёқатманд далели равшани онанд.

Махсусан, таъсиси Стипендияи байналмилалии “Дурахшандагон”-ро метавон ном бурд, ки барои таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар хориҷи кишвар ҷиҳати таъмини иқтисоди миллӣ бо кадрҳои нодир пешбинӣ шудааст. Тибқи иттилои мавҷуда, айни ҳол зиёда аз 40 ҳазор донишҷӯи тоҷик дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии хориҷи мамлакат таҳсил мекунад, ки ин низ гувоҳи дастгириҳои бевоситаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб меёбад.

Ҳамзамон, давоми 31 соли Истиқлоли давлатӣ шумораи муассисаҳои таълимӣ аз 4310 ба 4780 адад расида, ҳоло дар кишвар 78 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ фаъолият дорад, ки ин ҳама самараи неки Истиқлол аст.

Яке аз муҳташамтарин ва бузургтарин иншооти дигаре, ки мужда аз истиқлол медиҳад, ин бунёди Боғи “Истиқлолият” бо майдони маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» дар қалби поку муқаддаси Тоҷикистон – шаҳри Душанбе аст, ки ҳамчун рамзи соҳибдавлатии тоҷикон дар рӯзҳои таҷлил аз 31-солагии Истиқлоли давлатӣ ба истифода дода мешавад.

Масоҳати умумии Боғи «Истиқлолият» бо майдони маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» 30 гектар буда, дар маҷмаа майдони баргузории чорабиниҳои сиёсӣ дар масоҳати 2,7 гектар бунёд мешавад, ки барои роҳпаймоиву намоишҳои театришуда пешбинӣ шудааст.

Баландии муҷассама 121 метр буда, қисми поёнии он 30 метр ва қисми болоии он 91 метрро ташкил медиҳад, ки он рамзи 30-солагии Истиқлол ва дар соли 1991 ба даст овардани истиқлолро ифода менамояд.

Ба истифода додани ин боғ ва маҷмааи бошукӯҳи мазкур далели равшани он аст, ки дар шаҳри Душанбе барои сокинону меҳмонони пойтахт тамоми шароит барои истироҳату фароғат фароҳам оварда мешавад ва кишвари мо ба як кишвари пешрафтаи олам табдил меёбад.

Дар маҷмӯъ, тавре аз Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025 бармеояд, ҲХДТ бо дастгирии мардуми шарифи кишвар таҳти сарварии хирадмандонаи Раиси ҳизб, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи ин ҳадафҳои барномавӣ ноил гардида, кишвар ва мардуми шарафманди Тоҷикистонро ба сӯи арзишмандтарин хостаҳои миллӣ зери шиори «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум!», аз ҷумла рушду таҳаввули иқтисодиёт, татбиқи чор ҳадафи тақдирсози стратегии давлат – истиқлоли энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва саноатикунонӣ, ки ниҳояти он расидан ба зиндагии шоиста мебошад, раҳнамоӣ мекунад.

Мо низ умед бар он дорем, ки дар ин самт аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар пойтахт низ чун ҳамеша пешсафиро аз даст надода, баҳри ин ҳама ҳадафу ғояҳои созанда аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода мебаранд ва 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои арзанда истиқбол мегиранд.

Иброҳим МИРЗОЗОДА,

раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028