Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
МАҶЛИСИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ БАРГУЗОР ГАРДИД — HHDT

МАҶЛИСИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ БАРГУЗОР ГАРДИД

21-уми июли соли 2022 дар Муассисаи давлатии “Маркази миллии патенту иттилоот” Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ки дар он роҳбарияти Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб, аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, кормандони масъули кумитаҳои иҷроияи шаҳрӣ ва ноҳиявии ҳизб, раисони як қатор кумитаю ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва намояндагони Васоити ахбори омма иштирок намуданд.

Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанберо раиси Кумита Иброҳим Мирзозода ифтитоҳ намуда, масъалаҳои гузориши раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Фирдавсӣ дар бораи фаъолияти ташкилотҳои ноҳиявии ҳизб дар самти пешбурди корҳои дохилиҳизбӣ, тасдиқи фармоиши Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе оид ба ташкили маъракаи “Обуна -2023” ба ҳафтаномаҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва “Мароми пойтахт”, нақшаи кории Кумитаи иљҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе барои нимсолаи дуюми соли 2022 ва даъвати Конференсияи XX ҳисоботӣ – интихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанберо, ки ба рӯзномаи маҷлис ворид гардиданд, ба ҳозирин муаррифӣ кард.

Нахуст, тибқи рӯзнома гузориши раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Фирдавсӣ дар бораи фаъолияти ташкилотҳои ноҳиявии ҳизб дар самти пешбурди корҳои дохилиҳизбӣ шунида шуд.

Дар музокира раисони кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар ноҳияҳои Шоҳмансур, Сино ва Исмоили Сомонӣ оид ба фаъолияти сохторҳои ҳизб дар ноҳияҳои мазкур гузориш доданд.

Сипас, Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо қарори худ Конференсияи ХХ ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанберо 11-уми августи соли 2022 даъват намуда, меъёри намояндагӣ дар онро аз 193 нафар аъзои ҳизб 1 нафар вакил муқаррар кард.

Ҳамин тариқ, Маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе аз рӯи ҳамаи масъалаҳои баррасишуда қарорҳои далдор қабул намуд.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028