
Китоб дар ҳама давру замон барои пешрафт, рушду такомули шахсият ва тарбияву боло бурдани ҷаҳонбинии ҷамъият василаи асосию беҳтарин ба ҳисоб меравад. Рушди соҳаҳои мухталиф маҳз аз донишу китобхонии бештари мутахассисону кормандон вобастагии амиқ дорад.
Бо дарки ҳамин мазмун, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати татбиқи амалии сиёсати фарҳангии Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳамарӯза ба масъалаи нигаҳдорӣ, ҳифз ва рушди фарҳанги миллӣ, нақши китобхонаҳо дар инкишофи ҷомеаи шаҳрвандӣ таваҷҷӯҳи хосса зоҳир менамоянд.
Китоб аз замонҳои хеле қадим чун сарвати бебаҳои ҳар як қавму миллат, воситаи асосӣ ва муҳимми таълиму тарбия, дӯсти беғараз ва роҳнамо ба сӯйи маърифату дониш муаррифӣ гардидааст. Вобаста ба ин, ҳар сол дар ҷумҳурӣ озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор мегардад.
Дар ин радиф, имрӯз дар доираи Нақша – чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар Бозори “Меҳргон” ҷиҳати ба тавари васеъ тарғибу ташвиқ намудани озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», аксияи умумишаҳриро таҳти унвони “Биё китоб мехонем” баргузор намуд, ки аз ҷониби аъзои фаъолони Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” ба сокинону меҳмонони пойтах китобҳои илмию бадеӣ тақсим карда шуд.