Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТИИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “ПОЙТАХТ” — HHDT

МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТИИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “ПОЙТАХТ”

Имрӯз дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, дар асоси қарори маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии ташкилотҳои Ҳизби Халҷии Демократии Тоҷикистон доир гардид. Тибқи Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва ҷадвали тасдиқшудаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Пойтахт”-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор карда мешавад.

Дар кори маҷлиси имрӯза раиси Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Мирзозода Иброҳим, муовини раиси Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Ҷурахонзода Ҷумахон ва роҳбари ташкилот дар мақомот Каримзода Насимҷон ва аъзоён иштирок доштанд.

Ба муҳокимаи маҷлиси ҳисоботии — ҳизбии имрӯза масъалаҳои зерин пешниҳод карда шуд:

-Ҳисоботи ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи то моҳи июни соли 2022 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда;

-Тасдиқи нақшаи кории ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ барои нимсолаи дуюми соли 2022;

-Интихоби раиси ташкилоти ибтидоӣ;

-Интихоби муовини раиси ташкилоти ибтидоии њизбии “Пойтахт”;

-Интихоби аъзои Раёсати ташкилоти ибтидоии њизбии “Пойтахт”

-Интихоби вакилон ба Конференсияи ҳисоботӣ-интихоботии ташкилотҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия.

Садорат ва аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Пойтахт”-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе масъалаҳои ҷориро ҳаллу фасл намуда, ба Каримзода Насимҷон барои аз саринав интихоб гардидан ба ҳайси Раиси ташкилотиибтидоии ҳизбии “Пойтахт” ва амалӣ намудани сиёсатикомёбу комили Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҳизбамон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барору комёбӣ намуданд.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028