
Ҷаласаи мазкур бо иштироки муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Мирзозода Иброҳим Холмурод, Муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Ҷурахонзода Ҷумахон, Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонат”-и БДА ҶТ “Амонатбонк” Икромӣ Сироҷиддин Салом., ва аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ баргузор гардид.
Кори ҷаласа бо садо додани суруди миллӣ оғоз гардид. Сипас Икромӣ С.С меҳмононро муаррифӣ намуда, рӯзномаи маҷлисро пешниҳод намуд. Тибқи масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис Икромӣ С.С раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонат” оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2021 то моҳи июни соли 2022 ҳисобот дода, зикр намуд, ки ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонат”- и БДА ҶТ “Амонатбонк” фаъолияти худро дар давраи ҳисоботӣ дар асоси дастуру супоришҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қарор ва супоришҳои Кумитаи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, нақшаи кории тасдиқгардидаи ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, дастуру супоришҳои Паёми солонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ мондааст ва ягонагии манфиатҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, интизоми бошуурона, эҳтироми ақида, озодбаёнӣ, баробарии ҳуқуқ ва вазифаҳои ҳар як узви онро асоси фаъолияташ мешуморад.
Сипас муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Хайринисо Юсуфӣ ба сухан баромада бо қаноатмандӣ аз фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонат”-и БДА ҶТ “Амонатбонк” иброз доштанд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун як неруи бузурги сиёсӣ, созанда, бунёдкор ва пешбарандаи ҷомеа дар тули фаъолияти худ баҳри рушди давлат, мустаҳкамнамоии пояҳои сиёсии он, пешрафти ҷомеа ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум воқеан корҳои бузургу назаррасеро анҷом додааст.
Инчунин гуфта шуд, ки ҷавононро мебояд, ки шукронаи сулҳу суббот ва истиқлолияти комили давлат намуда, бо пайрави аз сиёсати сулҳҷуёна, бунёдкорона ва хирадмардонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халкии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри пойдории сулҳу субботи беназири кишвар мубориза баранд.
Сипас бо овоздиҳии кулли аъзоёни Ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонат”-и БДА ҶТ “Амонатбонк” Икромӣ С.С., ва муовини ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Исмоилова Шаҳноза дубора ба ин мақом интихоб гардиданд.
Дар охири ҷаласа нафароне, ки мавқеи сиёсии худро дар ҷомеа муайян намуда, аъзои ҲХДТ гардиданд, шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд. Ҳамзамон ба якқатор аъзоёни фаъоли ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонат”, барои гузоштани саҳми арзанда дар амалӣ намудани ҳадафҳои Оинномавию Барномавии ҲХДТ бо Сипоснома ва Ифтихорномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуданд.