Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Халк Маслахати Милли Генгеши Туркманистон Гурбангулӣ Бердимухамедов суҳбати телефонӣ анҷом доданд — HHDT

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Халк Маслахати Милли Генгеши Туркманистон Гурбангулӣ Бердимухамедов суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Халк Маслахати Милли Генгеши Туркманистон Гурбангулӣ Бердимухамедов суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Пешвои миллат Гурбангулӣ Бердимухамедовро ба муносибати солгарди ҷашнии зодрӯз – 65-солагиашон самимона табрик гуфта, ба ӯ сиҳатмандиву саодат ва дар фаъолияти минбаъдаи давлатиашон комёбиҳо орзу намуданд.

Зимни суҳбат масъалаҳои вобаста ба муносибатҳои дӯстӣ, ҳамкории судманд ва шарикии стратегии Тоҷикистону Туркманистон баррасӣ гардида, ояндаи рушди босамари онҳо мутобиқ ба манфиатҳои аслии ду мардуми бародар мавриди таъкид қарор гирифт.

Сарвари давлати Тоҷикистон бо ишора ба фарогир будани ин раванд ба саҳми арзандаи Гурбангулӣ Бердимухамедов дар таҳкими равобити гуногунҷанбаи ду кишвар баҳои баланд доданд.

Дар ин замина, идомаи муколамаи доимии Тоҷикистону Туркманистон дар сатҳҳои гуногун ҳамзамон андешидани чораҳои муштарак ба мақсади тавсеаи пайвастаи робитаҳои ҳамаҷонибаи ду кишвар гарави муваффақият дар ин ҷода дониста шуд.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028