Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
Анҷоми сафари кории Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин дар Тоҷикистон — HHDT

Анҷоми сафари кории Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин дар Тоҷикистон

9 июн дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путинро, ки бо сафари корӣ дар Душанбе қарор дошт, бо эҳтироми хоса ва самимона гусел карданд.

Ёдовар мешавем, ки меҳмони олиқадр, Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин 28 июн бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф оварда, бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат мулоқоту суҳбати созанда анҷом доданд.

Зимни вохӯрӣ маҷмуи васеи масъалаҳои ҳамкории ду кишвар баррасӣ гардида, ҷонибҳо оид ба рушду густариш ва тавсеаи муносибатҳои ҳамкорӣ дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчуби ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, табодули андеша карданд.

Бояд гуфт, ки натиҷаҳои ин сафар ва мулоқоти сатҳи олӣ барои идомаи бобарори шарикии стратегии Тоҷикистону Русия бар нафъи мардумони ду давлат хизмат хоҳанд кард.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028