Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
ҲАМОИШИ БОНУВОНИ ПОЙТАХТ ТАҲТИ УНВОНИ «ХУШБАХТИИ МОДАРОН ДАР ВАҲДАТ АСТ» БАХШИДА БА 25-СОЛАГИИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ — HHDT

ҲАМОИШИ БОНУВОНИ ПОЙТАХТ ТАҲТИ УНВОНИ «ХУШБАХТИИ МОДАРОН ДАР ВАҲДАТ АСТ» БАХШИДА БА 25-СОЛАГИИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

20-уми июни соли 2022 дар толори Кинотеатри Ватан бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҳамоиши бонувони пойтахт таҳти унвони «Хушбахтии модарон дар Ваҳдат аст» бахшида ба 25-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор гардид.

Дар ҳамоиши идона муовини Раиси ҲХДТ Хайринисо Юсуфӣ, муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигора Ғаффорзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гавҳар Шарофзода, кормандони Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ ва ноҳиявии ҳизб, аъзои фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва намояндагони ВАО ширкат намуданд.

Ҳамоишро раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки бисту панҷ сол мешавад, ки мо – сокинони Тоҷикистони биҳиштосо, махсусан занону бонувони тоҷик дар фазои сулҳу суботи сарторсарӣ ва ваҳдати миллӣ кору зиндагӣ дорем ва тайи ин солҳо беш аз пеш дарк намудаем, ки ваҳдати миллӣ заминаи асосӣ ва муҳими саодати мардум ва таҳкурсии пешрафту ободии Ватани азизи мо – Тоҷикистон ва қалби поку муқаддаси он — шаҳри Душанбе мебошад.

Тавре дар Барномаи ҳизби мо барои солҳои 2020-2025 зикр шудааст: Вазифаи ҲХДТ дар иртибот ба фазои басо мураккаб ва зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, вазъи геополитикии сайёра ва минтақа афзудани тамоюл ва хатарҳои терроризм, экстремизм ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ дар минтақа аз он иборат аст, ки баҳри таҳкими истиқлоли давлатӣ, суботу амнияти миллӣ, ваҳдати миллӣ, ягонагии халқи Тоҷикистон ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамеша талош намояд.

Дар ин замина, вазифаи ҷонӣ ва қарзи виҷдонии ҳар як шаҳрванди ватандӯсти кишвар, бахусус занон — аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аст, ки масъалаи ҳифзи давлату давлатдорӣ, таъмини амнияти кишвар ва нигоҳ доштани суботу оромии ҷомеаро бартару болотар аз ҳама арзишҳо гузоранд.

Нахуст, муовини Раиси ҲХДТ Хайринисо Юсуфӣ ҳозиринро аз номи Роҳбарияти ҳизб ба ифтихори 25-умин солгарди Рӯзи Ваҳадти миллӣ таҳният гуфта, шеъри худро, ки фарогири талошу ҷонбозиҳои Раиси муаззами ҳизб, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи сулҳофарӣ, даъват ба иттиҳоду сарҷамъӣ ва саршор аз муҳаббату садоқати як зан ба обу хоки ин ватану сурзамин буд, қироат кард.

Сипас, муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода иштирокчиёнро аз номи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба муносибати ин ҷашни фархунда таҳният гуфта, нақши занонро дар баҳамоӣ ва пос доштани сулҳу суботи сартосарӣ назаррас арзёбӣ намуд.

Дар идома муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигора Ғаффорзода ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гавҳар Шарофзода дар мавзуъҳои “Эмомалӣ Раҳмон – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ” ва “Хушбахтии модарон дар Ваҳдат аст” маърӯза намуданд.

Нотиқон иброз доштанд, ки саҳифаҳои пурифтихори давлатдории навини тоҷикон гувоҳ аст, ки таърих дар ҷои холӣ пайдо намешавад ва онро шахсиятҳои бузург як ҷо бо миллатҳои бузург меофаранд. Ваҳдати миллии тоҷикон низ натиҷаи заҳмату ҷоннисориҳои Пешвои муаззами тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Роҳи пурифтихоре, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти роҳбарии собитқадамонаи Пешвои миллат паймудааст, ба садсолаҳо баробар буда, моҳияти ин сабақи таърихӣ бояд ба наслҳои имрӯзаву оянда ҳамчун раҳнамои зиндагӣ омӯзонида шавад.

Таъкид гардид, ки таҷрибаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Пешвои сулҳофар ва Президенти маҳбуби миллат дар таҳкими ҳокимияти давлатӣ ва пойдории истиқлолу ваҳдати миллӣ барои мо як мактаби бузурги ҳаёт ва сабақи нотакрори давлату давлатдорӣ, марҳалаи ибратомўзи расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ, як қадами ҷиддии рў овардан ба нақшаҳои азими офарандагӣ мебошад, ки ҳадафҳои бузурги он бо тақдири наслҳои оянда пайвастаанд.

Дар ин миён, як қатор занон-аъзои фаъоли ҳизб бо Ифтихорнома ва Сипоснома Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб сарфароз гардонида шуданд.

Ҳамоишро суруду таронахонии ҳунармандони шинохтаи кишвар ҳусну таровати дигар бахшид.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028