
Бо мақсади иҷрои Қарори Маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз 09 апрели соли 2022, №4, барқияи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе аз 24 майи соли 2022, №24“ ва нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар бораи гузоронидани маъракаи ҳисоботӣ-интихоботӣ бо иштироки Хайриниссо Юсуфӣ – муовини Раиси ҲХДТ, Мирзозода Иброҳим Холмурод — раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Файзуллозода Зарина Файзулло раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Амонзода Ширин Шодӣ — раиси ташкилоти ибтидоии “Меҳнат” ва аъзои ҳизб, дар ташкилоти ибтидоии “Меҳнат” Маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор гардид.
Тибқи рӯзнома, нахуст ҳисоботи ташкилоти ибтидоии “Меҳнат” аз ҷониби муовини раиси ташкилоти ибтидоии “Меҳнат” Раҳмонзода Абдуғаффор дар давраи ҳисоботӣ ироа гардид. Қайд гардид, ки ташкилоти ибтидоии “Меҳнат” дар давраи ҳисоботӣ фаъолияти назаррас нишон дода, оид ба амалӣ гардонидани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ назаррасеро анҷом додааст. Ҳамзамон доир ба иҷрои Қарори Маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз 30 апрели 2021, №7, дастовардҳои 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шарҳу тавзеҳи нуктаҳои омӯзиши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати саҳмгузории ташкилоти ибтидоии “Меҳнат” ба корҳои ободониву созандагӣ ибрози андеша намуданд.
Ҳамзамон вобаста ба муҳокимаи масъалаи сеюмим рӯзнома Мирзозода Иброҳим Холмурод — раиси КИ ҲХДТ доир ба масъалаи интихоби раис ва муовини ташкилоти ибтидоии “Меҳнат” суханронӣ намуданд, бо пешниҳоди аъзои фаъоли ташкилоти ибтидоии “Меҳнат” ва бо назардошти фаъолияти пурмаҳсули сиёсиву ташкилӣ ва натиҷаҳои назарраси соҳавӣ бо ҷонибдории кулли аъзои ҳизб Амонзода Ширин Шодӣ ба ҳайси раиси ташкилоти ибтидоии “Меҳнат” ва Раҳмонзода Абдуғаффор ба ҳайси муовини раиси ташкилоти ибтидоии “Меҳнат” интихоб гардиданд.
Оид ба масъалаи чоруми рӯзнома интихоби вакилон ба Конференсияи ХХХХII ҳисоботӣ — интихоботии ташкилотҳои ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе зикр гардид, ки мутобиқи муқаррароти тасдиқгардида, аз ташкилоти ибтидоии “Меҳнат” 1-нафар вакил ҷиҳати иштирок дар Конференсияи ХХХХII ҳисоботӣ — интихоботии ташкилотҳои ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бояд интихоб карда шавад.
Бо пешниҳод ва ҷонибдории ҳамагон вакилон барои иштирок дар Конференсияи ХХХХII ҳисоботӣ — интихоботии ташкилотҳои ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе пешбари гардид.
Хайриниссо Юсуфӣ – муовини Раиси ҲХДТ доир ба таҷлили ҷашнҳои мимллиамон 25-солагии Ваҳдати миллӣ, Истиқлоли давлатӣ, 30-солагии Иҷлосияи тақдирсози ХVI Шӯрои Олии Тоҷикистон, заҳмату талошҳои хастагинопазири Сарвари муаззами ҳизб, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими давлати ҳуқуқбунёду демокративу дунявӣ, ояндаи шукуфони мамлакат, тарбияи фарзандон ва дигар масоил ҳарф зада, зикр намуданд, ки фаъолияти дохилиҳизбиро бозҳам такмил дода, сафи аъзои ҳизбро аз ҳисоби шахсони ватандусту хештаншинос зиёд намоянд.