
Дар ташкилоти ибтидоии “Саноатчиён”-и Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Ширинбекзода Садриддин–мудири шуъбаи тарғибот ва ташвиқоти Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ, Каримзода Нилуфар — Муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Шералӣ Кабир- Вазири саноат ва технологияҳои нав, Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад-Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур ва Аҳмадова Лайло-сармуҳаррири нашрияи ҳизбии «Мароми пойтахт» маҷлси ҳизбӣ доир гардид.
Сараввал меҳмонон аз фаъолияти ташкилоти ибтидои шинос гардида, корбарию ҳуҷҷатнигориро мавриди омӯзиш қарор доданд.
Нахуст ба рӯзномаи маҷлис масъалаҳои ҳисоботи раиси ташкилот дар давраи аз моҳи июни соли 2021 то ибни соли равон, тнтихоби раёсати ташкилоти ибтидоӣ, раис ва муовини ӯ пешниҳод ва тасдиқ карда шуданд.
Сипас ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоӣ шунида шуда, зикр шуд, ки ташкилоти дар ин давра дар самти амалӣ намудани стратегияи чоруми миллӣ-саноатикунии босуръати кишвар, бунёди як зумра корхонаҳои хурди саноатӣ, тақвият бахшидани ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисодӣ, сармоягузорӣ, саноат бо шарикони рушд ва дурнамои рушди иқтисодиёти кишвар дар марҳилаи нав, татбиқи нақшаҳои стратегии “Солҳои рушди саноат 2022-2026” як зумра корҳоро сомон додааст.
Музокирачиён зимни суханронии худ ҳисоботро қаноатбахш арзёбӣ намуданд.
Раёсати ташкилоти ибтидоӣ, раиси ташкилот, муовири раис бо пешниҳод ва ҷонибдории аъзои ташкилот якдилона интихоб карда шуданд.
Сипас Ширинбекзода Садриддин – мудири шуъбаи тарғибот ва ташвиқоти Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ бобати амалӣ намудани Барномаҳои ҲХДТ ва ҳадафҳои созандаи он, рушди илму техника, инчунин, оид ба дастгирии сиёсати созандаи Президенти кишвар, тарбияи ватанпарастии ҷавонон, ҳимояи арзишҳои миллӣ, таҳкими суботу амният дар кишвар, бунёди як силсила корхонаҳои саноати барои расидан ба зиндагии шоистаи мардуми шарифи кишвар ва амсоли ин суханронӣ кард.
Каримзода Нилуфар -Муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе роҷеъ ба фаъолияти ташкилот дар татбиқи Барномаи ҲХДТ, баланд бардошгтани иродаи сиёсии аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ, тарғиби идеологияи миллӣ, тарбияи ватанпарастии ҷавонон ва дастгирии содиқонаву самимии сиёсати бомароми Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва беш аз ҳар вақти дигар дастгирию ҳамовозии мардум аз сиёсати Президенти кишвар суханронӣ намуданд.
Дар интиҳо як гуруҳ ҷавононе, ки иродаи сиёсии худро муайян карда, ба сафи ҲХДТ қабул шуданд, дар лаҳзаи тантанавӣ ба онҳо шаҳодатномаҳои ҲХДТ дода шуд ва фаъолон бо ифтихорнома ва сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ ноҳияи Шоҳмансур сарфароз гардиданд.