Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Луи Женминро ба ҳузур пазируфтанд — HHDT

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Луи Женминро ба ҳузур пазируфтанд

6 июн дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Луи Женминро, ки барои иштирок дар Конфронси дуюми Душанбе оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028 дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи ҳамкории пурсамари Тоҷикистону Созмони Милали Муттаҳид ва дастгирии Созмон аз ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои обу иқлим изҳори қаноатмандӣ карданд.

Қабули ҳашт қатъномаи марбут ба об бо иттифоқи оро аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмон, ташкил ва баргузории Конфронси дуюми байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” натиҷаи неку назарраси ин ҳамкориҳо номида шуд.

Изҳори итминон карда шуд, ки ҳамоиши навбатии сатҳи баланд оид ба масоили об дар Душанбе ба татбиқи ҳадафҳо ва вазифаҳои “Рӯзномаи 2030 барои рушди устувор”, вусъати амалҳо ва шарикии кишварҳо ҷиҳати саҳмгузорӣ дар қолаби Сендай оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ, Рӯзномаи Амали Аддис-Абеба, Созишномаи Париж ва Барномаи нави шаҳрҳо мусоидати фаъол хоҳад кард.

Дар рафти мулоқот ҳамчунин масоили иқлим ва коҳиш додани оқибатҳои тағйирёбии он, афзоиши аҳолӣ, мушкилоти дастрасӣ ба оби тоза ва ҷалби маблағҳо ба ин самт муҳокима гардид.

Ҷонибҳо дар бораи ҳалли мушкилоти тағйирёбии даври гидрологӣ, истифодаи захираҳои обиву энергетикӣ, пешгирии офатҳои табиӣ, обхезиву хушксолиҳо, амнияти озуқаворӣ ва обшавии пиряхҳо табодули андеша карданд.

Дар мулоқот атрофи баргузории Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба баррасии миёнамуҳлати даҳсолаи об, ки соли 2023 дар Ню-Йорк баргузор мегардад, инчунин дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯ сурат гирифт.

Мулоқот бо муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Луи Женмин 06.06.2022









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028