Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
Президенти Тоҷикистон бори дигар аз мушкили глобалии камобӣ ҳушдор доданд — HHDT

Президенти Тоҷикистон бори дигар аз мушкили глобалии камобӣ ҳушдор доданд

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки агар обшавии пиряхҳо тезтар шавад, Осиёи Марказӣ солҳои оянда ба мушкили камобӣ мувоҷеҳ хоҳад гардид. Сарвари давлати Тоҷикистон дар ин бора 4 июн дар нишасти сеюми Пешвоёни Эътилофи обу иқлим, ки дар арафаи Конфронси дуюми сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» доир гардид, изҳори нигаронӣ карданд. 

«Захираҳои об нақши калидӣ доранд, вале дар айни замон, ин захираҳои ҳаётан муҳим имрӯз зери таъсири шадиди тағйироти иқлим қарор гирифтаанд. Ҳол он, ки Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳои саноатӣ ба шумор намеравад ва 98 фоизи неруи барқи кишвар дар неругоҳҳои барқи обӣ, манбаи барқароршаванда ва аз лиҳози экологӣ тоза истеҳсол мешавад», — иброз  доштанд Сарвари давлат.

Мавзӯи асосии суханронии Президенти Тоҷикистон дар ҳамоиш обшавии пиряхҳо буд.  Бино ба гуфтаи Сарвари давлат,  танҳо дар чанд даҳсолаи охир беш аз ҳазор пирях дар Тоҷикистон аз байн рафта, ҳаҷми умумии пиряхҳои кишвар ба андозаи тақрибан сеяк баробар кам гардидааст.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки, агар обшавии пиряхҳо  идома ёбад, Осиёи Марказӣ ба камбуди об дучор мешавад.   Тоҷикистон аз обҳои кишвар танҳо 4 дарсадашро истифода мебарад ва боқии он барои кишварҳои поёноб меравад.

«Агар дар солҳои шастуми асри гузашта таъминоти об ба сари ҳар як нафари аҳолӣ дар минтақа солона зиёда аз ҳашт ҳазор метри мукаабро ташкил карда бошад, ин нишондиҳанда имрӯз зиёда аз чор баробар кам гардидааст», – гуфтанд Пешвои миллат  Эмомалӣ Раҳмон.

Дар нишасти сеюми Пешвоёни Эътилофи обу иқлим асосан масъалаи тағйирёбии иқлим ва камбуди об баҳс шуд. Петтери Таалас — Дабири кулли Ташкилоти ҷаҳонии обуҳавошиносӣ (WМO) гуфт, имрӯз 2,3 миллиард аҳолии сайёра аз нарасидани об азият мекашанд.

Хотиррасон мешавем, ки пойтахти Тоҷикистон  ин ҳафта мизбони чанд нишасти ҷаҳонии вобаста ба мушкилоти об хоҳад буд. Аз 6 то 9 июн дар Душанбе чанд ҳамоиш вобаста ба масъалаи об баргузор мешаванд. Нишасти асосӣ рӯзи 7 июн бо ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ду муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид доир мегардад.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028