Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Узбекистон Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев аз ҶДММ фабрикаи қолинбофии «Хива Гилам Комбинатӣ» боздид намуданд — HHDT

Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Узбекистон Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев аз ҶДММ фабрикаи қолинбофии «Хива Гилам Комбинатӣ» боздид намуданд

3 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Узбекистон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев аз Фабрикаи қолинбофии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди қолинбофии «Хива Гилам Комбинатӣ» боздид намуданд.

Нахуст Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти хатҳои истеҳсолии корхона шинос шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди қолинбофии “Хива Гилам Комбинатӣ” аз соли 1977 таъсис ёфтааст. Корхона тӯли 45 сол фаъолияти пурсамар дошта, бо истеҳсоли қолинҳои гуногунҳаҷму гуногуншакл дар бозори дохил ва хориҷ мавқеи хос дорад.

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди қолинбофии «Хива Гилам Комбинатӣ», ки калонтарин корхонаи саноатии Узбекистон аст, қолинҳои гуногун ва калоба истеҳсол мекунад ва соли 1977 таъсис дода шудааст.

Майдони умумии корхона 11,8 гектар ва масоҳати зери сохтмони иншооти истеҳсолӣ 4,7 гектарро ташкил медиҳад.

Айни ҳол дар корхонаи қолинбарорӣ 250 нафар бо кор таъминанд.

Иқтидори солонаи корхона истеҳсоли 2,2 миллион метри мураббаъ қолин мебошад.

Дар сехи бофандагӣ роҳбарони ду давлат бо таҷҳизоти истеҳсолот шинос шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки соли 2002 корхонаи муштараки Узбекистону Олмон барои истеҳсоли қолинҳои пашмин, ки дар бозорҳои хориҷӣ серталаб аст, бо насби 30 дастгоҳи нави бофандагӣ ба фаъолият оғоз кард.

Корхона бо дастгоҳҳои муосири ресандагӣ (PPM240) ва дастгоҳҳои шонабандӣ (ACH214) муҷаҳҳаз буда, истеҳсоли риштаи нимпашминро бо иқтидори пурраи истеҳсоли қолин ба роҳ мондааст.

Маҳсулоти тайёри корхонаи Ҷамъияти саҳомии қолинбофии «Хива» ба Русия, Олмон ва дигар кишварҳо содирот карда мешавад.

Иттилоъ дода шуд, ки иқтидори содиротии корхона дар як сол 5 миллион доллари америкоиро ташкил медиҳад.

Баъди шиносоӣ бо фаъолияти корхона ва суҳбат бо коргарону мутахассисони фабрикаи қолинбофӣ Сарони давлатҳо — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиëев ба фаъолияти корхона баҳои баланд дода, васеъ намудани ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла боз ҳам густурда намудани ҳамкориро дар самти содироту воридоти маҳсулот миёни Тоҷикистон ва Узбекистон муҳим шумориданд.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028