Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Раҳбари Инқилоби Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Алӣ Хоманайӣ мулоқот намуданд — HHDT

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Раҳбари Инқилоби Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Алӣ Хоманайӣ мулоқот намуданд

30 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Исломии Эрон бо Раҳбари Инқилоби Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Алӣ Хоманайӣ мулоқот намуданд.

Дар мулоқот масоили ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Эрон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст барои пазироии самимӣ изҳори сипос карда, баён доштанд, ки мо алоқаманди идомаи муколамаи созандаи сиёсии сатҳи олӣ ҳастем.

Таъкид шуд, ки Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори тавсеаи рӯзафзуни робитаҳои гуногунарсаи ду кишвар дар руҳияи ҳусни тафоҳум, ҳамёрӣ, эҳтиром ва эътимоди байниҳамдигарӣ мебошад.

Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкории ду кишвар дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, фарҳангиву башарӣ, амниятӣ ва дигар арсаҳои мавриди манфиати тарафайнро муҳокима карданд.

Зимни баррасии масоили амниятӣ масъалаҳои таҳкими ҳамкории кишварҳо дар мубориза бар зидди терроризм, ифротгароӣ, қочоқи силоҳ ва маводи мухаддир, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва вазъи Афғонистон муҳокима гардид.

Ҷонибҳо аз ҳамкориҳои судманди ду кишвар дар ҷаҳорчуби созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ изҳори қаноатмандӣ карданд. Ҳимояти Тоҷикистон аз узвияти комили Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Созмони ҳамкории Шанхай далели боризи робитаҳои судманди дуҷонибаи ду кишвар дар арсаи байналмилалӣ арзёбӣ гардид.

Дар мулоқот ҳамчунин оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо гуфтугӯи судманд сурат гирифт.

Мулоқот бо Раҳбари Инқилоби Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Алӣ Хоманайӣ 30.05.2022









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028