Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Раиси Сенати Ҷумҳурии Қазоқистон Маулен Ашимбаевро ба ҳузур пазируфтанд — HHDT

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Раиси Сенати Ҷумҳурии Қазоқистон Маулен Ашимбаевро ба ҳузур пазируфтанд

3 май дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси сенати Ҷумҳурии Қазоқистон Маулен Ашимбаевро, ки бо даъвати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо сафари расмии ҷавобӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар ҷараёни мулоқот маҷмӯи васеи масъалаҳои ҳамкории ду кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки рушди муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистон ва Қазоқистон самти афзалиятноки сиёсати хориҷии давлати мо буда, ба анъанаҳои деринаи дӯстӣ, ҳусни тафоҳум ва дастгирии ҳамдигар асос ёфтаанд.

Аз робитаҳои ду кишвар, бахусус муколамаи боэътимоди сатҳи олии сиёсӣ ва ҳамкории созанда изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва робитаҳои байнипарлумонӣ муҳокима гардиданд.

Зикр гардид, ки Қазоқистон яке аз шарикони асосӣ дар сохтори тиҷорати хориҷии кишвари мо буда, гардиши мол соли гузашта қариб 30 фоиз афзуда, ба зиёда аз як миллиард доллари америкоӣ расид.

Дар мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳангию гуманитарӣ ва маориф таваҷҷуҳ зоҳир карданд.

Дар самти ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчуби ташкилоти минтақавию байналмилалӣ масъалаи таъмини амният дар минтақа баррасӣ гардида, ҷонибҳо атрофи масъалаҳои мубрами минтақавию глобалӣ, аз ҷумла қазияи Афғонистон мубодилаи афкор намуданд.

Мулоқот бо Раиси сенати Ҷумҳурии Қазоқистон Маулен Ашимбаев 13.05.2022









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028