Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Фаронса Эммануэл Макрон барқияи табрикӣ ирсол намуданд — HHDT

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Фаронса Эммануэл Макрон барқияи табрикӣ ирсол намуданд

25 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Фаронса муҳтарам Эммануэл Жан-Мишел Фредерик Макрон барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Бо камоли фараҳмандӣ Шуморо ба муносибати муҷаддадан интихоб гардиданатон ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Фаронса табрику муборакбод мегӯям.

Бо ибрози беҳтарин таманниёти хеш ба Шумо сиҳатмандии комил, саодатмандӣ ва дар фаъолияти минбаъдаи пурмасъулиятатон комёбиҳои рӯзафзун, ба мардуми дӯсти Фаронса сулҳу амонӣ ва пешрафту шукуфоии беш аз пеш орзумандам.

Мо аз сатҳу муҳтавои имрӯзаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои миёни Тоҷикистону Фаронса изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳамеша ҳавасманди густаришу тавсеаи бештару ҳамаҷонибаи онҳо дар тамоми самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мебошем.

Итминон дорам, ки бо саъю талошҳои муштарак, аз ҷумла тавассути идомаи муколамаи сатҳи олӣ ва баланди ду ҷониб робитаҳои шарикии созандаи миёни кишварҳои мо мутобиқ ба манфиатҳои аслии мардумонамон дар оянда низ пайгирона рушд хоҳанд ёфт.

Дар ин зимн даъвати худро аз Шумо, ҷаноби Президент, ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба Тоҷикистон бори дигар таҷдид менамоям.

Ин фурсатро ҷиҳати таҷдиди ғояти эҳтиром ба Шумо ғанимат мешуморам».









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028