Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар шаҳри Исфара ифтитоҳ намуданд — HHDT

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар шаҳри Исфара ифтитоҳ намуданд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳа бинои нави кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфараро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Корҳои сохтмонии бинои Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара соли 2018 оғоз гардида, бо саҳми аъзоён ва ҷонибдорони ҳизби созандаву бунёдкор, бунёд гардидааст.

Бино аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, дар он 13 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ бо 150 ҷойи нишаст, маҷлисгоҳи хурд, қабулгоҳи ҷамъиятӣ, китобхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон ҷой дода шудааст. Масоҳати умумии бино бо таҳхона 1152 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Ба Президенти мамлакат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бо мақсади ҷалби наврасону ҷавонон ба ҳунаромӯзӣ дар таҳхонаи бино шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Маҳфилҳои ҳунаромӯзӣ ба монанди рӯймолдӯзӣ, тоқидӯзӣ, атласу адрасбофӣ, духтани либоси миллӣ, косибӣ, толори ороишӣ ва зебогӣ ташкил гардидааст. Илова бар ин, барои омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияи иттилоотӣ ва забонҳои хориҷӣ маҳфилҳо ташкил ва дар се баст 120 нафар наврасону ҷавонон ба омӯзиш фаро гирифта мешаванд.

Бо бунёди бинои наву замонавӣ барои кормандони дастгоҳи Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ шароити корӣ фароҳам оварда шуда, ҳуҷраҳои корӣ бо мизу курсӣ, ҷевон, воситаҳои алоқа, компютер ва дигар лавозимотӣ корӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Дар шаҳри Исфара аъзои Ҳизб 15 ҳазору 698 нафарро ташкил медиҳад. Онҳо дар амалӣ шудани нақшаву барномаҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон саҳми арзанда гузошта, барои пешрафту шукӯфоии Ватан фаъолияти пурсамар доранд.

Ифтитоҳи бинои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара 17.04.2022









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028