Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири тозаинтихоби Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф барқияи табрикӣ ирсол намуданд — HHDT

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири тозаинтихоби Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф барқияи табрикӣ ирсол намуданд

12 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири тозаинтихоби Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Лутфан табрикоти самимии моро ба муносибати интихоб гардиданатон ба маснади олии Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон бипазиред.

Итминон дорам, ки тайи давраи фаъолияти Шумо дар ин вазифаи сермасъули давлатӣ муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории барои ҷонибҳо судманди Тоҷикистону Покистон, ки анъанаҳои неки дерина доранд, масири таҳкиму тавсеаи бемайлонро касб карда, идомаи самарабахш хоҳанд ёфт.

Мо раванди рушди робитаҳои гуногунҷанбаи миёни кишварҳоямонро баланд арзёбӣ менамоем ва алоқаманди боз ҳам ғанитар гардонидани мазмуну мундариҷаи онҳо дар ҳама арсаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ҳастем.

Дар ин замина омодагии ин ҷонибро ҷиҳати ба харҷ додани саъю талошҳои муштараки минбаъда дар ин ҷода изҳор менамоям.

Ба Шумо сиҳатмандии комилу комёбиҳои рӯзафзун ва ба мардуми бародари Покистон сулҳу субот ва рифоҳу шукуфоӣ орзумандам».









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028