Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд — HHDT

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Имрӯз суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин баргузор гардид.

Дар оғоз сарони ду кишвар ба муносибати 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Русия ҳамдигарро табрик гуфтанд.

Президентҳо бо қаноатмандӣ сатҳи баланди муносибатҳои дуҷонибаро, ки бар пояи анъанаҳои нек ва эҳтироми байниҳамдигарӣ асос ёфтаанд, таъкид карданд.

Дар ин зимн ҷонибҳо ҷараёни рушди афзояндаи робитаҳои ду кишварро дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ, ҳамчунин сатҳи кунунии ҳамкории Тоҷикистону Русияро дар соҳаи амниятӣ баланд арзёбӣ намуданд.

Дар ҷараёни суҳбат роҳбарони ду давлат раванди рушди вазъият дар Афғонистон ва ҳолати сарҳади миёни Тоҷикистону Афғонистонро баррасӣ намуда, дар робита ба дигар масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор анҷом доданд.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028