Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Афғонистон Томас Никлассонро ба ҳузур пазируфтанд — HHDT

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Афғонистон Томас Никлассонро ба ҳузур пазируфтанд

Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Афғонистон ҷаноби Томас Никлассонро, ки бо сафари корӣ дар Душанбе қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот ҷонибҳо перомуни муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо ибрози андеша намуда, масоили таъмини амнияти минтақавиро аз ҷумлаи самтҳои муҳими шарикӣ донистанд.

Дар ин зимн сатҳи баланди ҳамкорӣ дар мубориза бар зидди хатарҳо ва таҳдидҳои амниятӣ, ки ба арзишҳои умумибашарӣ хавфи ҷиддиро ба бор овардаанд, таъкид гардид.

Пешвои миллат бо изҳори нигаронӣ аз раванди афзоиши таҳдидҳои терроризми байналмилалӣ, экстремизм, ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддир ва силоҳ, ҳамчунин ҷиноятҳои киберӣ, рушди ҳамкории Тоҷикистонро бо шарикони байналмилалӣ дар ҷодаи муқовимати самарабахш ба онҳо муҳим арзёбӣ намуданд.

Ҷонибҳо вобаста ба вазъи имрӯзаи низомиву сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии Афғонистон, ки ба ҳолати амниятии минтақа таъсири бевосита мерасонад, ҳамчунин дигар масъалаҳои мубрами мавриди эҳтимоми муштарак мубодилаи афкор анҷом доданд.

Мулоқот бо Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Афғонистон Томас Никлассон 08.04.2022

Инчунин Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарурати ҳарчӣ зудтар афзоиш додани ҳаҷми кумакҳои башардӯстона ба мардуми Афғонистонро таъкид карданд ва омодагии Тоҷикистонро ҷиҳати мусоидати ҳамаҷониба барои расонидани кумак тавассути имкониятҳои логистикии худ изҳор доштанд.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028