Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
Раиси Маҷлиси миллӣ Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи тантанавии Шӯрои Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои ИДМ иштирок намуданд — HHDT

Раиси Маҷлиси миллӣ Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи тантанавии Шӯрои Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои ИДМ иштирок намуданд

29 март дар шаҳри Алмаато Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи тантанавии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (АБ ИДМ) бахшида ба 30-солагии Ассамблея иштирок ва суханронӣ карданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Кори ҷаласа таҳти раёсати Раиси АБ ИДМ, Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Валентина Матвиенко сурат гирифт.

Дар кори ҷаласаи тантанавии АБ ИДМ ҳамчунин Раиси Милли Меҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон, Раиси Маҷлиси Миллии Ҷумҳурии Арманистон, Раиси Шӯрои Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Беларус, Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон, муовини Раиси Маҷлиси Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон, Раиси Жогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон, муовини якуми Раиси Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия, Раиси Сенати Оли Маҷлиси Ҷумҳурии Узбекистон, Раиси Меҷлиси Милли Генгеши Туркманистон ва муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ иштирок намуданд.

Нахуст иштирокчиёни ҷаласа масъала «Дар бораи 30-солагии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил»-ро муҳокима ва изҳороти Шӯрои Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро «Дар бораи 30-солагии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» қабул карданд.

Аъзои Шӯрои АБ ИДМ оид ба санаи муҳими  30-солагии Ассамблеяи Байнипарламентӣ андешаронӣ карда, таҳкими минбаъдаи ҳамкории байнипарламентиро дар доираи созмон зарур шумориданд.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар суханронии худ иброз доштанд, ки дар тӯли 30 сол АБ ИДМ муҳимияти нақш ва афзалияти худро ҳамчун шакли универсалии ҳамкории байнипарламентӣ собит намуд ва имрӯз ҳамчун сохтори босамари байнипарламентӣ эътироф гардидааст.

Рустами Эмомалӣ зикр намуданд, ки «Тоҷикистон ба фаъолияти АБ ИДМ аҳамияти хос дода, палатаҳои Маҷлиси Олӣ ҳамкории густурдаро бо сохторҳои Ассамблея ба роҳ мондаанд.

Дар ин давра мо сиғаи Ассамблеяро ҷиҳати таҳкими муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии байни кишварҳо, нигоҳдошт ва таъмиқи робитаҳои тарафайни дуҷонибаю бисёрҷониба бо давлатҳои иштирокчии ИДМ фаъолона истифода намудем».

Дар ҷараёни кори ҷаласа оид ба масъалаҳои дигари рӯзномаи он мубодилаи афкор сурат гирифта, қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028