Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти феълии Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳамедов ва Президенти тозаинтихоби ин кишвар Сердар Бердимуҳамедов суҳбати телефонӣ анҷом доданд — HHDT

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти феълии Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳамедов ва Президенти тозаинтихоби ин кишвар Сердар Бердимуҳамедов суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти феълии Туркманистон муҳтарам Гурбангулӣ Бердимуҳамедов ва Президенти тозаинтихоби ин кишвар муҳтарам Сердар Бердимуҳамедов суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Сарвари давлати мо муҳтарам Гурбангулӣ Бердимуҳамедовро бо баргузории муваффақонаи интихоботи президентӣ дар кишвар табрик гуфтанд.

Пешвои миллат ҳамчунин Сердар Бердимуҳамедовро барои интихоб гардиданаш ба маснади олии давлатии Туркманистони дӯст табрику таҳният гуфта, ба ӯ сиҳатмандӣ ва дар фаъолияти давлатии сермасъулияташон комёбиҳои бузург ба нафъи рушди минбаъдаву шукуфоии Туркманистон орзӯ намуданд.

Таъкид гардид, ки мардуми бародари Туркманистон таҳти роҳбарии муҳтарам Гурбангулӣ Бердимуҳамедов дар роҳи рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар ва таҳкими нуфузу эътибори он дар арсаи байналмилалӣ ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардид.

Дар ин зимн Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон талошҳои муҳтарам Гурбангулӣ Бердимуҳамедовро дар мавриди таҳкиму тавсеаи ҳамкории созандаи ду кишвар баланд арзёбӣ намуданд.

Ҷонибҳо омодагии хешро ҷиҳати идомаи пайвастаи муколамаи байнидавлатӣ аз рӯи ҳамаи ҷанбаҳои рӯзномаи муносибатҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаи Тоҷикистону Туркманистон иброз намуданд.

Дар фарҷоми суҳбат Пешвои миллат аз Президенти тозаинтихоби Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба Тоҷикистон дар фурсати барояшон муносиб даъват ба амал оварданд.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028