Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
Дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор шуд — HHDT

Дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор шуд

15 март  дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Аъзои Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмӯъ 26 масъала, аз ҷумла Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон», Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи захираҳои генетикӣ» ва «Дар бораи дастгирии давлатии соҳаҳои комплекси агросаноатӣ», якчанд қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба баъзе қонунҳои амалкунанда, инчунин лоиҳаҳои қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳу­­рии Тоҷикистон оид ба иваз намудани номи баъзе воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва маҳалҳои аҳолинишини ноҳияҳои ШаҳринавуЛахш ва оид ба ҳисоботи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.


Ҳамзамон дар ҷаласаи Шӯро натиҷаҳои иҷрои қарорҳои Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июни соли 2021 «Оид ба тавсияҳои муҳокимаи парламентӣ дар мавзӯи «Вазъи хизматрасонии тиббӣ ва риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тандурустӣ» ва «Оид ба тавсияҳои муҳокимаи парламентӣ дар мавзӯи «Асосҳои ташкиливу ҳуқуқии таъмини рақобати солим ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон: мушкилот ва роҳҳои ҳалли онҳо» баррасӣ карда шуданд.

Аз натиҷаи баррасии масъалаҳои рӯзномаи ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028