Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
Мубодилаи барқияҳои табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Шоҳи Малайзия Султон Абдулло Риъоятуддин Ал-Мустафо Биллоҳ — HHDT

Мубодилаи барқияҳои табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Шоҳи Малайзия Султон Абдулло Риъоятуддин Ал-Мустафо Биллоҳ

Имрӯз миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Шоҳи Малайзия муҳтарам Султон Абдулло Риъоятуддин Ал-Мустафо Биллоҳ Шоҳ Ибни ал-Марҳум Султон Ҳоҷӣ Аҳмад Шоҳ ал-Мустаъин Биллоҳ ба муносибати 30-юмин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад.

Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Шоҳи Малайзия муҳтарам Султон Абдулло Риъоятуддин Ал-Мустафо Биллоҳ Шоҳ Ибни ал-Марҳум Султон Ҳоҷӣ Аҳмад Шоҳ ал-Мустаъин Биллоҳ омадааст:

«Аълоҳазрат,

Лутфан, табрикоти самимӣ ва таманниёти неки маро ба муносибати 30-солагии барпо намудани робитаҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Малайзия бипазиред.

Раванди ҷории мусбати муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманди миёни ду кишвар ояндаи талошҳои пайгиронаи муштаракро ҷиҳати густариши минбаъдаи онҳо умедбахш месозад.

Мо омодаем ба мақсади дастрасӣ ба ҳадафҳои созанда ва рушди бештари ҳамкориҳои фарогири ҷавобгӯ ба манфиатҳои мардумони ду кишвар ба муколамаи мунтазами сиёсии миёни кишварҳоямон, аз ҷумла дар сатҳи олӣ, идома диҳем.

Итминон дорам, ки дар роҳи тавсеаи бомароми муносиботи гуногунҷанбаи ду кишвар ва ғанӣ гардонидани мазмуну мундариҷаи онҳо бо натиҷаҳои навини амалӣ азму ирода ва иқдомҳои муштарак натиҷаҳои босамар хоҳанд дод.

Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахш ба Шумо сиҳатмандии комил, саодати рӯзгору комёбиҳои нав ба нав ва ба мардуми дӯсти Малайзия сулҳу амонӣ ва пешрафту шукуфоии устувор орзумандам».

Дар барқияи табрикии Шоҳи Малайзия муҳтарам Султон Абдулло Риъоятуддин Ал-Мустафо Биллоҳ Шоҳ Ибни ал-Марҳум Султон Ҳоҷӣ Аҳмад Шоҳ ал-Мустаъин Биллоҳ ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, чунин гуфта шудааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Ба муносибати санаи хотирмони 30-юмин солгарди барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ миёни Малайзия ва Тоҷикистон ҳамроҳ бо Малика Раҷа Пермайсурӣ Агонг самимонатарин табрикоти   худро ба Ҷаноби Олӣ мерасонем.

Малайзия сатҳи кунунии олии муносибатҳои миёни ду кишварро қадр мекунад.

Мо бар ин боварем, ки ин муносибатҳо ба нафъи кишварҳои мо ва мардумонамон тавсеа ва таҳкими бештар хоҳанд ёфт.

Бо истифода аз ин фурсати муносиб ба Ҷаноби Олӣ сиҳатмандии комил, хушҳолӣ ва ба мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон сулҳу амонии пойдор ва пешрафту шукуфоӣ орзумандем».









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028