ИСТИҚЛОЛИ СИЁСИИ ТОҶИКИСТОН – ПАДИДАИ НОДИРИ ТАЪРИХӢ

Истиқлол навъҳои мухталифро соҳиб аст. Истиқлоли сиёсӣ навъи олии он буда, дар умум сарчашмаи дигар шаклҳои истиқлол маҳсуб ёфта, нисбатан мафҳуми васеъ мебошад. Истиқлоли сиёсӣ бо масъалаҳои дигари тақдирсози давлатдорӣ робитаи ногусастанӣ дорад. Истиқлоли сиёсӣ воситаи асосии ҳалли вазифаҳои ҳаёти умумимиллӣ ва мубориза дар роҳи пешрафти иҷтимоии кишвар ба шумор меравад. Он имкон медиҳад, ки дар низоми муносибатҳои байналхалқӣ талаботу манфиатҳои кишвар беҳтар ҳимоя карда шаванд. Давлати соҳибистиқлол дар ҳалли масъалаҳои гуногуни байналхалқӣ ҷойгоҳи хешро пайдо менамояд. Таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, ки шинохти омилҳои пайваста ва нерӯҳои мутаҳаррики раванди истиқлолхоҳӣ заҳматест бисёр ҳам сангин.

Бояд қайд кард, ки дар нимаи дуюми солҳои 80-уми қарни ХХ ҳукуматдорони шӯравӣ дар роҳи инкишофи давлат ва давлатдорӣ қадами баҳодурона заданд. Вазъи сиёсӣ, рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва пешрафти фарҳангии ҷомеаро ба назар гирифтанд, ки дар ҳол ҳамовозии васеъ пайдо намуда, бо номи «бозсозӣ» маъруф гардид. Роҳбарияти нави кишвар ба сифати амалҳои таъҷилӣ аз бадарға баргардонидани ходимони сиёсӣ, озодибахшии маҳбусони сиёсӣ, нашри китобҳои манъшуда, ошкорбаёнӣ, плюрализм, интихоботи алтернативӣ, озодона ба хориҷи кишвар рафтан ва монанди инҳоро пиёда сохт. Дар натиҷаи воқеӣ гаштани демократикунонии ҷомеа, плюрализми сиёсӣ, ошкорбаёнӣ, озодиҳои зиёди шаҳрвандӣ низоми сиёсии ҷомеа ва унсурҳои он тадриҷан дигаргун гаштанд. Ба мақомоти роҳбарикунандаи давлат ва ҳизб насли нав омад. Насле, ки аллакай дарк намуда буд, ки ҷомеаи инсонӣ бояд дар асоси қоидаҳои умумӣ ва ҳимояи манфиатҳо, дар асоси принсипи баробарии имкониятҳо рушду нумӯъ намояд. Ниҳоятан «бозсозӣ» натавонист ноқисиҳои ҷомеаро аз байн барад. Муқовиматҳо ва мухолифатҳо сатҳи гуногуни ҳокимияти давлатиро аз боло то поён фаро гирифт. Раванди истиқлолхоҳӣ қариб тамоми Иттиҳоди Шӯравиро бо субъектҳояш пахш кард. Ҳанӯз аз ибтидои «бозсозӣ» сар карда, мавҷи ҳаракатҳои миллӣ баланд гардида, он бештар дар шакли қабули эъломияи истиқлоли давлатӣ инъикос мегардид.

Дар Тоҷикистон низ чун кишварҳои дигари собиқи шӯравӣ гурӯҳҳое буданд, ки барои мустақилият ва истиқлоли давлатӣ садо баланд менамуданд. Вале раванди истиқлолхоҳӣ дар Тоҷикистон ё худ дар Осиёи Марказӣ аз қисматҳои ғарбии кишвар фарқ дошт ва дар сатҳи дигар ба амал омад. Изҳорот дар бораи истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикстонро Иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати дувоздаҳум 9 –уми сентябри соли 1991 қабул намуд.

Дар натиҷаи ба истиқлоли сиёсӣ расидан зиёиёни эҷодкор аз чорчубаи идеологӣ ва фазои сензуравӣ ҳангоми нашри асарҳо баромаданд. Робитаҳо бо кишварҳои хориҷии ҳамзабон ва умумияти тамаддун қавӣ гардид. Дар ҷомеа сохтори бисёрҳизбӣ ташаккул ёфт, ки дар натиҷа дар кишвар якчанд ҳизби сиёсӣ ба вуҷуд омад. Он аъмоле, ки дар замони истиқлол ба анҷом расид дар 70 соли таърихи собиқа амалӣ нагардида буд. Бартараф намудани монеаҳои инкишофи мутаносиб ва ҳалли зиддиятҳо ва муқовимати оштинопазир заминаи рушди босуботи давлатдориро гузошт. Дар замони истиқлол дар ҳаёти сиёсии кишвар як қатор амалҳои ҷиддию назаррас ва тақдирсоз пиёда гардиданд. Яке аз муҳимтарин амалҳои истиқлолгароӣ ба таври райпурсии умумихалқӣ қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тағйироту иловаҳо ба он мебошад. Ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз асоси ислоҳоти низоми сиёсии ҷомеа гардид. Дар умум Конститутсия заминаи муқтадири тағйироти сифатӣ дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёт, раванду ҳодисаҳои ҷомеа ва муносибатҳои мутақобилаи инсон, ҷомеа ва табиат маҳсуб меёбад.

Дар муҳити истиқлол имрӯз иттиҳодияҳои мухталифи ҷамъиятӣ, аз ҷумла ҳизбҳо ва низомҳои ҳизбӣ, созмонҳои мардумӣ, иттиҳодияҳои маданию миллии ақалиятҳои миллӣ, иттиҳодияҳои касбию манфиатгароии гуногуни одамон, ки хоси ҷомеаи шаҳрвандӣ буда, чун воситаи ба низомоварии муносибатҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлат баромад менамоянд, фаъолият доранд. Дар заминаи истиқлоли сиёсию давлатӣ имрӯз миллати тоҷик дар роҳи эъмори давлати демокративу дунявӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ қарор дорад. Ин падидаҳо пояҳои истиқлоли Тоҷикистонро боз ҳам мустаҳкам намуда, тоҷиконро боз ҳазорсолаҳо чун миллати давлатсозу тамаддунофар нигоҳ медорад.

Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад – Раиси КИ ҲХДТ дар н. Шоҳмансур









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028