Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенкоро ба ҳузур пазируфтанд — HHDT

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенкоро ба ҳузур пазируфтанд

5 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенкоро, ки ҷиҳати иштирок дар Форуми байнипарлумонии «Тоҷикистон-Русия – иқтидори ҳамкории байниминтақавӣ» дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот ҳолат ва дурнамои муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Русия дар соҳаҳои афзалиятнок ва ҳамзамон робитаҳои байнипарлумонии ду кишвар баррасӣ шуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамкории кишварҳо дар сатҳи олӣ ва муносибатҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Русия изҳори қаноатмандӣ карда, ба саҳми шахсии Валентина Матвиенко дар таҳкими маҷмӯи робитаҳои шарикии стратегии ду кишвар баҳои баланд доданд.

Ҷонибҳо зимни баррасии ҳолати ҳамкории кишварҳо оид ба фаъолияти Комиссияи байниҳукуматӣ ва Форуми байнипарлумонии Тоҷикистон-Русия дар густариши муносибатҳои шарикии стратегӣ табодули андеша карданд.

Дар мулоқот доир ба тақвияти муносибатҳои гуногунҷанбаи байни минтақаҳои Тоҷикистону Русия, рушду тавсеаи ҳамкории иқтисодию тиҷоратии байнидавлатӣ, ҷалби сармояи Русия ба иқтисодиёти Тоҷикистон, бахусус дар сатҳи минтақаҳо, гуфтугӯ сурат гирифт.

Ҳарду ҷониб ҷиҳати рушду тавсеаи муносибатҳо дар соҳаҳои фарҳангию гуманитарӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, робитаҳо дар бахши маориф, рушди забони русӣ, таъмини омӯзгорон барои мактабҳои русӣ, бунёди мактабҳои русӣ дар Тоҷикистон ва ҷудо кардани бурсияҳои донишгоҳҳои Русия барои шаҳрвандони кишвари мо, мулоҳизаҳои судманд баён намуданд.

Дар рафти вохӯрӣ, ҳамчунин доир ба авзои зудтағйирёбандаи сиёсии ҷаҳон, афзоиши низоъҳо дар баъзе минтақаҳо, вазъи сиёсии Афғонистон ва мубориза бар зидди хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир, табодули афкор сурат гирифт.

Мулоқот бо Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко 25.02.2022









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028