Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР МАРОСИМИ ИФТИТОҲИ ОЛИМПИАДАИ ЗИМИСТОНАИ ПЕКИН ИШТИРОК МЕНАМОЯНД. Раиси ҶМЧ Си Ҷинпин аз мулоқот бо сарони 20 кишвари ҷаҳон хабар дод — HHDT

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР МАРОСИМИ ИФТИТОҲИ ОЛИМПИАДАИ ЗИМИСТОНАИ ПЕКИН ИШТИРОК МЕНАМОЯНД. Раиси ҶМЧ Си Ҷинпин аз мулоқот бо сарони 20 кишвари ҷаҳон хабар дод

Дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои XXIV зимистонаи олимпӣ дар Пекин Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин бо сарони беш аз 20 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқот менамояд. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора Телевизиони марказии Чин гузориш дод.

«Раиси ҶМЧ Си Ҷинпин аз 4 то 6 феврал дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои зимистонаи олимпии Пекин-2022 ширкат варзида, барои сарони кишварҳои хориҷӣ, раисони ҳукуматҳо, аъзои оилаи шоҳон ва роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ зиёфат меорояд», — омадааст дар иттилоия.

Ба ғайр аз Президенти Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи Олимпиада ҳамчунин Президенти Русия Владимир Путин, Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев, Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев, Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов, инчунин роҳбарони Қирғизистон, Сингапур, Миср, Лаҳистон, Сербия, Аргентина ва Эквадор иштирок мекунанд. Иштироки аъзои ҳукуматҳои мамлакатҳои гуногун низ дар назар аст.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028