Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
Дар Душанбе Конгресси шашуми КАФА баргузор гардид — HHDT

Дар Душанбе Конгресси шашуми КАФА баргузор гардид

16  декабр дар шаҳри Душанбе Конгресси шашуми Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ баргузор гардид, иттилоъ медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Кори Конгресс бо суханронии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ оғоз ёфт. Зимни суханронӣ муҳтарам Рустами Эмомалӣ иброз доштанд, ки «соли 2021 барои ташкилот соли назаррас буд, зеро бо пушти сар гузоштани мушкилоти пандемия тавонистем мусобиқаҳо баргузор намуда, тавонмандии футболи Осиёи Марказиро барқарор созем».

Дар ҷаласа намояндагони ассотсиатсия, федератсия ва иттиҳодияҳои футболи кишварҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон, Узбекистон, Қирғизистон иштирок ва намояндагони Туркманистон ба таври онлайн ҳузур доштанд.

Инчунин дар кори конгресс Меҳдии Тоҷ — ноиб-президенти Конфедератсияи футболи Осиё низ ба намояндагӣ аз ин ташкилот иштирок дошт. Дар ҷараёни он котиби генералии ин ташкилот Улуғбек Каримов дар хусуси мусобиқаҳои баргузоршуда дар соли ҳисоботӣ гузориш дода, иброз намуд, ки бо вуҷуди мушкилоти пандемия КАФА тавонист мусобиқаҳоро миёни наврасон, ҷавонон ва бонувон бомуваффақият баргузор намояд.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028