Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор сохторҳои давлатӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд — HHDT

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор сохторҳои давлатӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои роҳбарикунандаи мақомоти судӣ, Гвардияи миллӣ, Вазорати корҳои хориҷӣ ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.

Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Салимзода Юсуф бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан, бозхонд намудани судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хушмаҳмадзода Алифмо аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар сабаби ба охир расидани муҳлати ваколаташ ва интихоб намудани ӯ ба вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур карда шуд.

Дар ҳайати намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Британияи Кабир ва Созмони ҳамкориҳои Шанхай низ тағироти кадрӣ сурат гирифт.

Муовинони директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби мутахассисони соҳибтаҷрибаву кордон таъин гардиданд.

Зимни мулоқот Сарвари давлат таъкид намуданд: кадрҳое, ки ба иҷрои вазифаҳои хизматӣ шурӯъ менамоянд, бояд ба кор бо ҳисси баланди масъулияти роҳбарӣ муносибат намоянд ва барои ҳалли мушкилоту монеаи пешрафти соҳаҳои вобастагардида манфиатҳои давлату миллатро аз дигар манфиатҳо болотар гузошта, бо дасту дили пок ва қобилияти хуби ташкилотчигӣ ба нафъи мардум хизмат намоянд.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028