Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
24 декабр Иҷлосияи ҳаштуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум баргузор мегардад — HHDT

24 декабр Иҷлосияи ҳаштуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум баргузор мегардад

24 декабри соли 2021 иҷлосияи ҳаштуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум баргузор мегардад. Дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 13 декабри соли 2021 ба имзо расид, хабар доданд аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар».

Ба рӯзномаи иҷлосияи мазкур масъалаҳои гузориши раиси комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва тасдиқ намудани ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаҳои интихоботии №8 ва №58, «Дар бораи ҳисоботи Раиси шаҳри Душанбе «Оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар ёздаҳ моҳи соли 2021», «Дар бораи лоиҳаи буҷети шаҳри Душанбе барои соли 2022 ва тасдиқи иҷрои буҷети шаҳри Душанбе дар соли 2020», Дар бораи ҷараёни татбиқи барномаҳои давлатӣ дар соҳаи фарҳанги шаҳри Душанбе», «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба замимаҳои 1,2,9 ва 12 қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз 13 марти соли 2020», «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба замимаи қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз 13 марти соли 2020», «Дар бораи танзими парвариш ва нигоҳдории ҳайвонот  дар баъзе минтақаҳои шаҳри Душанбе»,  «Дар бораи тасдиқи қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе» ворид карда шудаанд.

Тибқи қарори дахлдор, барои омода намудани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосия гурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст.

Вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум то 22 декабри соли 2021 дар ҳавзаҳои интихоботӣ бо интихобкунандагон вохӯриҳо баргузор намуда, аз натиҷаи онҳо ба гурӯҳи корӣ оид ба такмил додани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияи ҳаштуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум таклифҳои мушаххас пешниҳод менамоянд.

Хотиррасон менамоем, ки Иҷлосияи ҳаштуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум 24 декабр, соати 9:00 дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ — 40 даъват карда мешавад.

Тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе, шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе вазифадор гардидааст, ки бо тартиби муқарраргардида муҳтавои қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма ба самъи сокинони пойтахт расонида, таклифу пешниҳодҳои вобаста ба иҷлосия воридгардидаро ба гурӯҳи корӣ манзур созад.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028