Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
НАҚШИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ — HHDT

НАҚШИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

Бо ташаббуси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бахшида ба 27 солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Қасри фарҳанги Ҷамоати деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик дар мавзӯи «Нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Ҳамоишро муовини аввали Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор ҳусни оғоз бахшиданд. Дар ҳамоиш муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, раиси вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон, аъзои фаъоли ҲХДТ, намояндагони фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳо, вазорату идораҳо, олимону муҳаққиқон, кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарону намояндагони ташкилоти ҳизбӣ иштирок намуданд. Зимни суханронии худ муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Абдуҷаббор Азизӣ дар мавзӯи «Нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ» изҳор дошт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тӯли 27 соли фаъолияти пурсамар зери шиори «Барои пешрафт ва таъмини зиндагии шоистаи мардум» ҷомеаи кишварро аз роҳи сарбаста ба масири сулҳу субот, шукуфоӣ ва пешрафтҳои рӯзафзун раҳнамоӣ намуд. Илова дошт, ки мавриди истифода қарор гирифтани биноҳои маъмурии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қариб дар ҳамаи шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ва бо тамоми шароити мусоид таъмин шудани онҳо нишонаи таваҷҷуҳу ғамхории Роҳбари давлат ба аъзои ҳизб ва далели аҳамияти баланди сиёсию иҷтимоӣ доштани фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ дар мамлакат мебошад. А. Абдуҷаббор ба муносибати 27-умин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон кулли иштирокчиёнро самимона табрику таҳният гуфтанд. Дар баромади худ муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён аз ҷумла иброз дошт, ки «Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чун ҳизби созанда бо татбиқи ҳадафҳои барномавии худ дар таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ, ваҳдати миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ пайваста саҳм гузошта, шаҳрвандонро ба созандагиву бунёдкорӣ ва ободонии мамлакат сафарбар менамояд»,— чунин зикр намуд дар конференсия. Дар суханронии худ раиси вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон зикр дошт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти шиори «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум!» қариб се даҳсолаи ахир садоқатмандона баҳри таъмини арзишҳои умумимиллии соҳибихтиёрӣ, демократия, баробарҳуқуқӣ, барои пешрафти ҳамаҷонибаи Тоҷикистон тамоми тадбирҳои имконпазирро амалӣ месозад. Рисолат ва мазмуну моҳияти барномаи ҳизб рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ободу шукуфон ва аз лиҳози иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсӣ босубот мебошад. Ҳамчунин таъкид кард, ки вазифаи ҷонӣ ва қарзи виҷдонии ҳар як шаҳрванди ватандӯсти кишвар, бахусус, аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аст, ки масъалаи ҳифзи давлату давлатдорӣ, таъмини амнияти кишвар ва нигоҳ доштани суботу оромии ҷомеаро бартару болотар аз ҳама арзишҳо гузорад. Зимнан, Насриддинзода Эмомалӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа дар баромадаш аз ҷумла зикр дошт, ки дар тӯли 27 сол масъалаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии мамлакат бо маром рушд намуда, ба марҳилаҳои назаррас ноил гардидем.Дар конференсия ҳамзамон муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Дилрабо Мансурӣ низ дар мавзӯи «ҲХДТ — роҳнамои халқ» ва Президенти АМИТ Фарҳод Раҳимӣ дар мавзӯи «Пешвои миллат ва ҳизби бунёдкору ояндасоз» маърӯза кард. Дигар иштирокчиёни конференсия дар мавзӯъҳои «ҲХДТ- падидаи сиёсии даврони Истиқлолият», «Нақши ҲХДТ дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон» ва ғайраҳо бо маърӯзаҳои худ баромад намуданд. Дар конференсияи ҷумҳуриявӣ ба фаъолони ҳизбӣ Ифтихорнома, Сипосномаи Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва ба аъзои нави ҳизб шаҳодатномаҳо супорида шуданд. Ҳамоиш бо барномаи фарҳангии санъаткорон ва ҳунармандони вилояти Хатлон ҷамъбаст гардид.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028