Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар нишасти 28-уми Шӯрои вазирони САҲА иштирок намуд — HHDT

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар нишасти 28-уми Шӯрои вазирони САҲА иштирок намуд

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин 2 декабр  дар кори ҷаласаи 28-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ширкаткунандаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), ки таҳти раёсати Шветсия дар шаҳри Стокҳолм оғоз шудааст, ширкат ва суханронӣ намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

«Сироҷиддин Муҳриддин дар баробари авлавияти Тоҷикистон дар се ченаки фаъолияти САҲА – низомӣ-сиёсӣ, иқтисодӣ-муҳитизистӣ ва инсонӣ, инчунин доир ба чолишҳои умдаи ҷаҳони муосир, аз қабили мубориза алайҳи терроризму ифротгароӣ, вазъ дар Афғонистон ва тағйирёбии иқлим изҳори ақида кард»,- иттилоъ доданд аз ВКХ Тоҷикистон.

Ҷониби Тоҷикистон аз кӯшишҳои барои таҳкими сохтории САҲА равонашуда истиқбол намуда, омодагии Тоҷикистонро ҷиҳати роҳандозии ҳамкории созанда бо САҲА ва ниҳодҳои он бо мақсади пешбурди сулҳ, шукуфоӣ ва рушд дар кулли минтақаи Созмон иброз дошт.

Ёдовар мешавем, ки Шӯрои вазирон мақоми марказии тасмимгирӣ ва идоракунии САҲА ба ҳисоб рафта, солона ба вазирони корҳои хориҷии 57 кишвари ширкаткунандаи САҲА имкон медиҳад, то фаъолияти созмонро баррасӣ ва арзёбӣ намуда, муколамаро дар масъалаҳои амниятии минтақаи САҲА тақвият диҳанд.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028