Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба таҳияи лоиҳаи Кодекси иттилоот ҳамоиш доир шуд — HHDT

Дар Маҷлиси намояндагон оид ба таҳияи лоиҳаи Кодекси иттилоот ҳамоиш доир шуд

Имрӯз бо ташаббуси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот дар мавзӯи «Ташаббус оид ба таҳияи лоиҳаи Кодекси иттилоот ҳамчун иқдоми зарурӣ дар рушди қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамоиш баргузор гардид, хабар медиҳад котиби матбуоти МН МО ҶТ Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар».

Дар ҳамоиш вакилони Маҷлиси намояндагон, намояндагони ВАО ва созмонҳои ҷамъиятӣ иштирок намуданд.

Раиси  кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода иброз дошт, ки дар раванди таҳияи лоиҳаи мазкур намояндагони воситаҳои ахбори омма, коршиносон ва мутахассисони соҳаҳои гуногун саҳми арзанда гузоштанд. Инчунин аз дастгирии созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, бахусус САҲА барои ҳамкории бисёрҷониба доштан изҳори сипос намуд.

Мавсуф изҳор дошт, ки «лоиҳае, ки айни замон мавриди баррасӣ қарор мегирад, маҳсули фаъолияти сесолаи гурӯҳи корӣ ба шумор меравад ва такмили он аз талаботи равандҳои имрӯзаи соҳа бармеояд. То имрӯз муҳокимаи лоиҳаи мазкур бо ҷалби доираи васеи воситаҳои ахбори омма дар Душанбе, Хуҷанд, Бохтар ва Кӯлоб баргузор гардид ва дар асоси фикру пешниҳодҳои баёншуда мазмуну мундариҷаи он такмил дода шуд».

Ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд яке аз афзалияти сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон буда, арзиши олӣ будани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва гуногунандешии сиёсӣ дар меҳвари сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Бинобар ин сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти арзишҳои умумибашарӣ, манфиатҳои миллӣ ва низомҳои ҳуқуқии ҷаҳонӣ, рушди муносибатҳои ҳуқуқии байналмилалӣ амалӣ карда мешавад.

Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон ҳамчунин таъкид намуд, ки дар самти таъмини қонуният ва эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд  дар соҳаи иттилоот нақши мақомоти олии намояндагӣ ва қонунбарори мамлакат- Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Парламент) бузург мебошад. То имрӯз вобаста ба соҳаи иттилоот дар ҷумҳурӣ 10 қонун, як консепсия ва як стратегияи давлатӣ қабул карда шудааст, ки моҳияти умумии онҳо аз тавсеа ва рушди ин соҳа, таъмини дастрасии бештари шаҳрвандон ба иттилоот мебошад. Илова бар ин меъёрҳое, ки ба озодии сухан ва афкор, озодии матбуот ва дигар паҳлуҳои фаъолияти воситаҳои ахбори омма ва уҳдадориҳои кормандонашон дахл доранд, дар қонунҳо, кодексҳо ва санадҳои дигари меъёрию ҳуқуқии кишвар ҷой дода шудаанд.

Қарорҳои зиёди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расидаанд, ки масъалаву ҳолатҳои мушаххаси фаъолияти воситаҳои ахбори оммаи мамлакатро танзим мекунанд.

Аз ин ҷиҳат мақсади асосии кодификатсии қонунгузорӣ дар соҳаи иттилоотӣ аз он иборат аст, ки он заминаи муназзаму муташаккили ҳуқуқиро барои рушд ва танзими ин соҳа, бартараф намудани мухолифатҳо дар меъёрҳои қонунгузории амалкунанда дар робита ба пайдоиши шартҳои нав ва истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ фароҳам меорад.

Зарурати таҳияи кодекси иттилоотии мазкур аз татбиқи босамари чунин ҳуҷҷатҳои стратегӣ, ба монанди Консепсияи амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консепсияи сиёсати иттилоотии ҶумҳурииТоҷикистон  ва ғайра бармеояд.

АКСҲО: МН МО ҶТ









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028