
Имрӯз дар асоси дастуру супоришҳои Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идона таҳти унвони “Парчами давлатии Тоҷикистон рамзи соҳибистиқлолии кишвар” дар толори МДТ Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.Дар ҳамоиши идона Мирзозода И.Х. – Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Файзуллозода З.Ф. – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Бобобекова М. –шоира, роҳбари Созмони ҷамъиятии байналмилалии «Хубони порсигӯ», Муминзода Ҷ.С. – муовини директор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалии Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ иштирок ва маърӯза намуданд. Дар суханрониҳо аз таърихи парчамдории миллати сарбаланди тоҷик ёдоварӣ гардида, таъкид гардид, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеан рамзи миллӣ, рамзи давлатдорӣ боиси ифтихору сарбаландии ҳар як тоҷикистонии ватандӯсти бонангу номус мебошад.