Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
ПАЙКИ ҲУВВИЯТ ВА ХУДОГОҲӢ — HHDT

ПАЙКИ ҲУВВИЯТ ВА ХУДОГОҲӢ

Шомил шудан ба сафи ҳизбҳои сиёсӣ дар асоси талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ” ва Оинномаи ҳизбҳо амалӣ шуда, бо хоҳиши ҳар як фард сурат мегирад. Қобили зикр аст, ки дар арафаи ҷашни муқаддаси миллӣ Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз фардҳои ватадӯсту қавиирода ва содиқ ба ватану миллат Сайдамиров Баҳодур Шовалиевич — Сардори маркази ҳамкориҳои байни давлатҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил барои пайваст шудан ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муроҷиат намуд. Масъалаи мазкур дар ташкилоти ибтидоии “Ташаббускор”-и Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор қабул гардиданд. Ҳамзамон Сайдамиров Баҳодур Шовалиевич — Сардори маркази ҳамкориҳои байни давлатҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил бо иштироки Муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Хайринисо Юсуфӣ дар фазои ҷашнӣ ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қабул карда шуд. Сайдамиров Б. Ш ҳамчун фарди зиёӣ, ватандӯсти кишвар, новобаста аз хориҷи кишвар будан, бо як дили гарм ва ҳисси баланди меҳанпарастӣ барои таблиғи ғояҳои созандаю бунёдкоронаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон саҳми бориз бозидааст. Имрӯзҳо ифтихор аз он мекунем, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун як нерӯи муттаҳидкунанда рӯз то рӯз пайравони зиёд пайдо намуда истодааст.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028