
Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо мақсади дастгирӣ ва дарёфти чеҳраҳои соҳибистеъдоду болаёқат миёни кӯдакону наврасон озмуни “Рассоми беҳтарин”-ро зери унвони “Парчам – муаррифгари давлату миллат” дар боғчаҳо ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор намуд.
Озмуни мазкур дар сатҳи ноҳияҳои пойтахт то санаи 20 ноябр баргузор гардида, санаи 23 ноябр дар толори Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М.Олимӣ дар 3 номинатсия: барои кӯдакони боғчаҳо, барои кӯдакони то синни 10 сола ва кӯдакони то синни 15 сола ҷамъбаст гардид.
Комиссияи озмуни мазкур раванди расмкашии 36 нафар иштирокчиёнро мушоҳида ва омӯзиш намуда, беҳтаринҳоро дар 3 номинатсия муайян намуд.
Дар номинатсияи синну соли томактабӣ:
Дар ҷойи якум Ҳайдарзода Ёсамин – бошандаи кӯдакистони №85-и ноҳияи Сино, дар ҷойи дуюм Буанова Басира – бошандаи кӯдакистони №45-и ноҳияи Сино ва ҷойи сеюм Азизова Сумая – бошандаи кӯдакистони №66-и ноҳияи Фирдавсӣ.
Дар номинатсияи кӯдакони то синни 10-сола:
Ҷойи якум Ҳайдаров Юсуф – хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26-и ноҳияи Шоҳмансур, ҷойи дуюм Юсупов Юсуф – хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №62-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва ҷойи сеюм Мирзоева Мариям – хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №66-и ноҳияи Сино.
Дар номинатсияи кӯдакони то синни 15-сола:
Ҷойи якум Олимова Дилноза – хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №77-и ноҳияи Фирдавсӣ, ҷойи дуюм Нибиҷони Акрамҷон – хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва ҷойи сеюм Аҳмадова Моҳина – хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №36-и ноҳияи Фирдавсӣ мебошанд.
Ёдовар мешавем, ки озмуни мазкур аз шартҳои зерин иборат буд:
Барои кӯдакони боғчаҳо:
Кашидани расм дар васфи Ватан, муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла Парчами давлатӣ ва манзараҳои зебои кишвар;
Муаррифии худ ва аҳли оила;
Хондани шеър ва суруд дар васфи Ватан;
Хондани китоб;
Барои кӯдакони то синни 10 сола:
Кашидани расм дар васфи Ватан, муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла Парчами давлатӣ ва манзараҳои зебои Ватан;
Тасвири Парчам;
Хондани шеър ё суруд дар васфи Ватан;
Аз ёд донистани Суруди миллӣ.
Барои кӯдакони то синни 15 сола:
Кашидани расм дар васфи Ватан, муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла Парчами давлатӣ ва манзараҳои зебои Ватан;
Тасфири Парчам ва Нишони миллӣ;
Шумораи китобҳои хондашуда.
Ғолибон ва иштирокчиёни озмун бо диплом, сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии таъсиснамудаи Кумитаи тадорукот ва дигар ҳамоҳангсозони озмун сарфароз гардонида шуд.
Ҳамзамон ба ҳар як иштирокчӣ барои иштироки фаъолона бо сипосномаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Қадрдонӣ карда шуд.